Мулоқоти сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд бо устодону донишҷўёни ДДҲБСТ

Имрўз, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  генерал-майори милитсия  Назарзода Қудратулло  Бобо  бо устодону донишҷўёни  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот доир намуд.

Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки сиёсати башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки нисбати падидаҳои номатлуби ҷомеа бетараф набошад. Таъкид гардид, ки ташкили вохўрии имрўза нақшавӣ буда, дар ҳошияи тадбирҳои андешидаи  раёсати донишгоҳ, бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ватандўстӣ ва маърифати ҳуқуқии устодону донишҷўён  роҳандозӣ мешавад.

Сипас, генерал-майори милитсия  Назарзода  Қудратулло  Бобо дар мавриди нооромиву низоъҳо ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ, сиёсати сулҳҷўёнаи Тоҷикистон бо мақсади кўмак ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт, тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумати мамлакат бо роҳи  ҳамкориҳои фарогир дар мавриди таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳарф зад. Ёдовар шуд, ки  бо вуҷуди мунтазам  ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ имрўз байни ҷомеаи мо афроде  низ ёфт мешаванд, ки маърифати таърихиро аз ёд бурдаанд ва  ба фарҳанги бегона пайравӣ намуда, аз миллату таърихи хеш  бехабарӣ зоҳир менамоянд. Мавсуф бо  овардани далелҳои мушаххас ва таҳлилу назарсанҷиҳо афзуд, ки даст задан ба амалҳои номатлуб бахусус, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ нашъаҷаллобӣ, рўй овардан ба фарҳанги бегона ва  шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷониби афроди нобакор, пеш аз ҳама, аз нодида гирифтани ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату Ҳукумат сарчашма гирифта, оқибатҳои хатарноку ногувор дорад.

Мўҳтавои суханрониро дар мулоқот тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат, таъмини иҷрои қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хатарҳои динию экстремистӣ  ва хушунат дар оила фарогир буд.

Дар интиҳои мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки  дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва нашъамандиву оворагардӣ ҳамроҳи мақомотҳои қудратӣ, махсусан кормандони милитсия муборизаи муштаракро ба роҳ монда, рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like