Ифтихор аз Ватану ватандорӣ!
Дар ҷаҳони муосир миллатҳои зиёде арзи вуҷуд доранд. Ҳар яке аз ин миллатҳо соҳиби забон, хат, рамзҳои давлатӣ ва расму оини аҷдодии хешанд.
Халқи тоҷик аз давраҳои куҳан дорои рукнҳои давлатдорӣ ва расму оини қадимаи нотакрор буд, ки он таҷассумгари фарҳангу арзишҳои воло, чун худогоҳиву меҳанпарастӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои аҷдодон ба шумор меравад. Ин арзишҳо дар ашъори шоирони ширинкаломи тоҷик ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хисраву Ибни Сино, Турсунзодаву Лоиқ мавқеи хоса дошта, он далолат аз фарҳангии ғанӣ ва тамаддунофарии халқи тоҷик мекунад. Аммо мутассифона дар интиҳои қарни гузашта халқи тоҷик як марҳила аз ин арзишҳо дур гашт.
Хушбахтона, худованд ба мо пурарзиштарин дастовард истиқлолиятро эҳдо намуд. Воқеъан ҳам барои ҳар тоҷику Тоҷикистони истиқлолияти неъмати бебаҳо, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини ҷаҳон аст. Қобил ба зикр аст, ки истиқлолият ба шарофати ҷидду ҷаҳди хадқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами он Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуда имрӯз он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шудааст.
Чун дигар давлатҳои мутамаддин Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби муқаддасот ба монанди Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ аст. Санаи 7 сентябри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди миллии Тоҷкистон» ба тасвиб расид. Суруди миллии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар сукуннат дошта ба шумор меравад.
Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар оғозан аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, барои ҳар як муҳассилин ин муқаддасот омӯзонида мешавад ва пай мебарем, ки кӯдакон чӣ гуна бо ҳисси меҳру муҳаббат, самимият ва ифтихор аз Модар-Ватан онро месароянд. Пай мебарам, ки ҳангоми дар раванди чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, дар мусобиқаҳои дохилиҷумҳурӣ ва байналхалқӣ Суруди миллӣ иҷро мешавад ҳар як фарди худогоҳу ватандӯстро ҳиссиёти фараҳмандӣ пахш намуда, дар ӯ ҳисси «ифтихор аз Ватан», «меҳру садоқат нисбат ба Ватан» ва «худогоҳии миллӣ» ҳувайдо мегардад. Замзамаи ҳар як мисраи Суруди миллӣ пеши назари ҳар яки мо манзараи нотакрори Ватан, симои Модари мушфиқу ғамхор, бахту саодати фарзандон ва хонадони ободи ҳар як тоҷик пайдо мегардад.
Имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳон сафи наврасон ва ҷавонони тоҷик, ки Тоҷикистонро дар озмунҳои фанниву мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ муаррификунанда меафзояд. Аз ин нуқтаи назар моро зарур аст, баҳри баландбардории ҳисси эҳтиром ва ифтихори насли ҷавон, дуруст азхуднамоии матн ва оҳанги Суруди миллӣ чораандешӣ намоем, зеро Суруди миллӣ аз ҳастии ҳар як миллати соҳиб тамаддун гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамватанони азиз! Боварии комил дорам, ки кулли мардуми кишвар иқдоми маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ҳамраъйи намуда, барои тарбияи насли ҷавони ватандӯсту соҳибтамаддун саҳмгузорӣ менамоем.
Салимова М.Қ. – н.и.п., дотсенти
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ