Мулоқоти судманд дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ
Имрўз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати эҳтимолии комиссияи ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Мулоқоти мазкур бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, махсусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фаъолгардонии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҳамкории МИҲД-и вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.
Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмуҳаммедов Абдуллоҷон Усмонович, сардори раёсати адлия дар вилояти Суғд Мамлакат Раҳматзода, ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода ва намояндаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Шаҳбоз Ахмедов маърўза намуданд. Баромадчиён перомуни мавзўъҳои интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он, илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон – омили ҳифзи суботи ҷомеа ҳарф заданд.
Зикр гардид, ки имрўз иқдомҳои наҷибу созандае, ки дар кишварамон роҳандозӣ мешаванд, ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии тамоми қишрҳои равона гардидааст. Бо шарофати иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ба ҳайси давлати ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ҳамзамон, имрўз мардуми сарбаланди кишвар дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ қарор дорад. Ин маъракаҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат тақдирсоз буда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро дучанд месозад. Даъват ба амал оварда шуд, ки танҳо бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии кишвар ва ваҳдати ҳамагонӣ саҳм гузорем.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати эҳтимолии комиссияи ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд таъкид гардид, ки дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар фаъолона ширкат варзида, қарзи шаҳрвандии худро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








