ДДҲБСТ: Баргузории маросими қадршиносии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
20 майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими қадршиносии ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ва мудири шуъбаи кор бо маҳалли дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Муродҷон Раҷабов иштирок намуда, ҷавононро шодбош карданд.
Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ, дотсент Мўминзода Шероз Абдуҷаббор чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Ў зикр кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон, тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ меҳисобанд.
Мўминзода Ш.А. илова кард, ки раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва ба ин васила, саҳмгузории ҷавононро дар татбиқи барномаҳои мухталифи Ҳукумати кишварамон таъмин менамояд. Ҷавонон – донишҷӯён аз чунин таваҷҷуҳ илҳоми тоза гирифта, беш аз пеш ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Бахусус, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи дуюм гардидани Мамадҷонов Абдуматин Абдуқаюмович аз фанни фалсафа ва Ғафурзода Тоҷиддин Маҳмадсаид аз фанни ҳуқуқшиносй, соҳиби ҷойи ифтихорй гардидани Атохонова Сарвиноз Хайруллобековна аз фанни забони русй, дар даври ниҳоии озмуни вилоятии «Донишҷўи сол– 2024 сазовори ҷойи сеюм гардидани Сафиулина Диёра, дар даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2025» мақоми ҷойи якумро гирифтани Исмоилова Меҳрангез Ҷамшедовна, дар озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» сазовори ҷойи якум гардидани Каримов Каримбердй Муиниддинович, дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» бо дипломи дараҷаи I ва II сарфароз гардидани Ҳоҷиев Муҳаммадалй Фирўзович ва Саидбекова Фарзона Исломовна, ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доной китоб аст» роҳҳат гирифтани Мадалиева Шамсия Абдуваҳобовна, Дадабаева Манижа Наимовна, Ашрапова Таскинахон Восидхӯҷаевна, Усмонова Нозанин Аҳмадовна ва Бутаева Зӯҳро Фаридуновна, ба даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтани донишҷӯён Ҳикматуллоева Мижгона Алиҷоновна, Қоҳирҷони Мусаввара, Сафарзода Сокинамоҳи Баҳром, Одилов Умедҷон Бердиёрович, Орипова Меҳрубон Абдуқаҳҳоровна, Комилзода Шабнам Зариф, Хушвактов Умедҷон Мансурҷонович, Карабоева Гузалхон Ҳотамҷоновна, ва Бобоназарова Нозанин Фирдавсовна, дар мусобиқаи варзишии футбол байни донишҷўёни факултетҳои Донишгоҳ, бахшида ба Рўзи ҷаҳонии футбол беҳтарин бозингарон дониста шудани Нуриддинов Исломиддин Субҳонович, Абдумӯминов Ҳусайн Муҳаммаддовуд–Уғлӣ, Мирмахмедов Муҳаммадалӣ, Давлатов Абдуҳалим Абдумавлонович ва Искандарзода Эҳсон Ҳасан, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ҷавонони донишгоҳ дар соли таҳсил маҳсуб меёбад..
Дар қисмати дуюми чорабинӣ ба ҷавонони болаёқати донишгоҳ – гирандаи Стипендияи раёсати донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 Шаҳодатнома ва Стипендияи раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон ғолибони олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявй ва мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳ роҳандозӣ шуда буд, инчунин як зумра устодони донишгоҳ, барои фаъолияти пурсамар дар риштаи илму тадқиқот, омода намудани мутахассисони ҷавон, ҷиҳати ғолибияти шогирдонашон дар олимпиадаву озмунҳо саҳми сазовор гузоштан дар мусобиқаҳои варзишй, бо Сипосномаву Ифтихорнома, Диплом ва маблағҳои пуливу тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд. Ба чанде аз ҷавонони донишгоҳ дафтарчаҳои аъзогии ҳизбӣ тақдим шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа