Изҳороти кафедраи сиёсатшиносӣ нисбати мақолаи исломҳаросии Сайидюнус

Аҳли устодон ва омӯзгорони кафедраи андоз ва андозбандии донишгоҳ ба сару садоҳои беасоси душманони миллат, ки ҳамарӯза аз шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, вокуниши саривақтӣ нишон медиҳем. Баъди мутолиаи мақолаи иғвобарангезӣ Сайидюнусӣ Истаравшанӣ мулаққаб бо номи “Кӯри Юнус” ангушти ҳайрат газидем. Наход як нафари ба ном таҳлилгар, дар мақолаи пур аз дуруғи худ чунин суханҳоро зада бошад.

Шукри Яздони пок, ки мо бандаи мусалмон ҳастем ва ҳама рӯза бо шукргузорӣ аз замони тинҷу ором ва ободу зебои давлати худро ба ҷо меорем. Давлату ҳукумат барои озодии виҷдони ҳар як шаҳрванди мамлакат тамоми имконоту шароитҳоро муҳайё сохтааст.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки аз аҳкоми ислом комилтар огоҳ гаштани ҳар як сокини ҷомеа бар манфиати кор буда ва он ҳеҷ бадие надорад, вале омилҳое ҳастанд, ки зери иделогояи динӣ ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мақсаду ниятҳои нопоки худро амалӣ кардани мешаванд.  Дар ин ҳолат омӯзиши динӣ ба ҷои фоида, ба ҷомеа бештар зарару зиён мерасонад.

Дар хакикат, солхои тўлонист, ки наврасони Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар дар риштаи дини мубини ислом таҳсили илм мекунанд, вале маҳсули он дар кишварамон назаррас нест. Рўз то рўз нафарони дар хориҷ таҳсилкарда истода ва ё таҳсил дида ба ақидаҳои ифротгароӣ рў оварда, аз мазҳабу анъанаҳои миллиамон рӯй гардониданд. Мутаасифона дар байни ҷавонписарон ҳастанд ҷавондухтароне, ки моил ба маданияти бегона гашта аз асолати миллии худ дур гаштаанд. Духтарони дар хориҷ таҳсилдида дар шакли ҳиҷоб либосҳои тангу муҷассамавиро ба бар карда, аз худ кадом симои зани шайхи арабро сохатнӣ мешаванд. Лек ин либоси тангу сиёҳӣ онҳо теша задан ба решааст. Зеро зоҳирпарастӣ дар дини ислом ҳаром аст.

Пас бо саволе ба ҳамин атфол мазҳабу миллатфурушон рӯ оварда пурсиданием, ки либоси миллии тоҷикӣ чӣ айб дорад?

Магар модару модаркалонхоямон, ки сатру ҳиҷоби бегона намепушиданд, аз дин дур буданд? Баръакс, мо фикр мекунем, имону виҷдони онхо поку беолоиш, намозу рузаашон самимию бегаразона ва бетамаъ буд. Дини мубини ислом дини покиву озодагӣ буда, бояд ҳар бандаи мусалмон сурату сирати худро низ ба он мувофиқат намояд. Вале пайравони ахзоби адёни ифротгаро хатман барои бурдани таблиғоту ташвиқот ва зиёд намудани аъзои ҳизбашон аз хоҷагонашон музд мегиранд ва хабару иғвоҳои беасосро паҳн менамоянд. Аз ин рӯ давлат ва мақомотҳои қудратӣ дар доираи қонун фаъолияти пурсамар бурда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок гардонида, пеши роҳи густариши ақидаҳои ифротгариро бояд ки гиранд. Дар ин ҳолат ягон сухан аз нақзи ҳуқуқи инсон намеравад, балки амняти ҷомеа дар мадди назар аст.

Аҳли устодони кафедраи

сиёсатшиносиии ДДҲБСТ

You might also like