Изҳороти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ нисбати акти террористон ба дидбонгоҳи сарҳадии Ишқобод

Аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, ки санаи 06-уми ноябри солри равон дар бораи ҳуҷуми номардонаи гурӯҳи мусалаҳи ифротӣ бо ниқоб дар рӯй, ки бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии дастаи “Султонобод” ҳамла намуданд, шунидем ва хело ба ғазаб омадем.

Зеро ин боз найрангҳои хоинон ва душманони ватан аст, ки мехоҳанд давлатро ноором гардонанд. Дар ҳоле, ки давлат ноором мешавад мақсадҳои нопоки худро амалӣ менамоянд, яъне давлатро ихтиёри карда онро нобуд созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон хамеша кӯшиш менамояд бар зидди терроризм мубориза барад ва душаманони зери ниқобҳои гуногуни динию дунявӣ наметавонанд моро шикаст диҳанд. Мо ҳарчанд, ки зиёӣ ҳастем аммо метавонем барои бартаф намудани ин вабои дунё камари ҳиммат баста бар зидди он мубориза барем. Байни ҷавонону наврасон дар вақтҳои дарс аз моҳияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба мисоли “ТЭТ ҲНИ” ва “ДИИШ”.

Бояд ёдовар шуд, ки тири нохалафон, ки барои нобуд кардани давлату миллат сӯи мо меояд ҳама вақт хато мехӯрад. Мо ҳама вақт мегуфтем ва боз ҳам мегӯем “нест бод терроризм ва террористон”.

Аҳли устодони кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like