ДДҲБСТ: Хатмкунандагон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд
Санаи 20 феврали соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш – фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир мешавад. Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо ташаббуси ДДҲБСТ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ баргузор мегардад. Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз масъалаҳои меҳварии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодааст. Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд, ки ҳадафи асосии онҳо мусоидат ҷиҳати бо кори доимӣ таъмин гардидани хатмкунандагон, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад. Бахусус, раёсати донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомўзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таьмин намудани хатмкунандагон бо 180 адад корхонаю ташкилот шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Дар соли хониши 2024-2025 донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда дар самти ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, муносибатҳои байналхалқӣ, андоз ва андозбандӣ, молия, маркетинг, менеҷмент ва дигар ихтисосҳои наву замонавӣ хатм менамоянд, ки ҷойҳои кории холӣ бо назардошти ин дар ярмарка пешниҳод мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин ярмаркаҳо дар ДДҲБСТ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо ҷалби васеи корхонаву ташкилотҳои ҳамкор доир карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
Марҳамат ба Ярмарка!