Эълон!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП – 710 таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.
Дар Донишгоҳ озмун аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад:
- математика;
- физика ва астрономия;
- география;
- технологияи иттилоотӣ;
- ихтироъкорӣ ва навоварӣ
- зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ.
Озмуни мазкур дар ду давр – даври аввал, аз санаи 10.02.2025 то 22.02.2025 дар факултетҳои донишгоҳ ва даври донишгоҳӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ тибқи талаботи Низомнома дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда мешавад.
Ҳамаи донишҷўён, магистрантону докторантон ва омўзгорону кормандони донишгоҳро барои иштирок дар озмуни мазкур даъват менамоем.
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ