Баргузории конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Забон – ганҷинаи маданияти башарӣ” – “Язык – бесценное сокровище народа”

Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи кафедраҳои забонҳои тоҷикӣ ва забони русӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ санаи 24 феврали соли 2025 конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Забон – ганҷинаи маданияти башарӣ» – «Язык – бесценное сокровище народа» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №647 аз 28.11.2020), Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438) ташкилу роҳандозӣ гардида, дар кори он олимону устодон, донишҷўён, намояндагони раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва меҳмонон ширкат варзиданд.

Конференсияро мудири кафедраи забони тоҷикӣ дотсент Рустамов Ш.Р. ифтитоҳ бахшид. Сипас Тоҷзод Д.Ҳ. – мудири шуъбаи магирстартураи донишгоҳ табрикоти раёсати донишгоҳро ба ин муносибат ба ҳозирин расонида, ба кори ҳамоиш барор таманно намуд.

Баъдан тибқи барнома дар мавзуи «Забони тоҷикӣ ва интишори он дар арсаи байналмилалӣ» доктори  илмҳои филологӣ,  профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Шокириён Туғрал Сироҷзода, “Особенности изучения русского языка в Таджикистане» номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи забони русии муосири Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоҷонова Дилрабо Шамсиевна, “Зарурат ва аҳаммияти омўзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир” номзади илмҳои  филологӣ, дотсент, мудири кафедраи  забони англисии ДДҲБСТ Давлятова Чинорой Абдуллоевна баромад намуданд. Таҳти унвони “Русский язык – язык межнационального общения” номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи забони русӣ Негматова Мухбирахон Мирзоходжаевна баромад намуда, ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат, хосса  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омўзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забони русӣ муфассал ибрози андеша намуд. Сипас бо маърӯзаи “Забони тоҷикӣ дар масири таърих ва истиқлоли давлатӣ” номзади илмҳои  филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Рустамов Шавкат Раҳимович маърӯзаи илмӣ намуда, роҷеъ ба аҳаммият ва моҳияти ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла арҷгузорӣ ба таъриху маданияти пурғановати аҷдодӣ, эҳтиром ва поку беолоиш нигоҳ доштани  забони давлатӣ сухан кард.

Дар фарҷоми конференсия донишҷӯи бахши якуми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ Атахонова Сарвиноз дар бораи аҳаммияти забони русӣ дар имрӯза хонишу фаъолияташон баромад намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like