Оғози ҳафтаи «Дарҳои кушод» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

24-уми феврали соли 2025 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳафтаи “Дарҳои кушод” оғоз гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Хатмкунандагон ҳамроҳи устодони худ аз мактабҳои шаҳру ноҳияи вилоят бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ дар рўзи нахустини ҳафтаи “Дарҳои кушод” иштироки фаъолона намуданд.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода дар назди хатмкунандагон баромад намуда, онҳоро бо барномаи чорабинии ҳафтаи “Дарҳои кушод” ва озмуни интернет –олимпиада байни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву умумии мамлакат шинос намуд.

Сипас, хатмкунандагон аз дастовардҳои устодону донишҷўёни донишгоҳ дидан намуда, дар дарсҳои намунавии устодон  ширкат варзида, ба худ маълумотҳои зарурӣ гирифтанд.

Ҳафтаи “Дарҳои кушод” то охири ҳафта идома карда, хатмкунандагони тамоми мактабҳои шаҳру навоҳии мамлакат метавонанд аз ДДҲБСТ дар баробари дидан ва шиносоӣ дар интернет- олимпиада ширкат варзанд ва соҳиби тўҳфаҳои арзишманд, ба монанди 6 адад телевизор, 5 компютер, 5 телефон, 50 адад планшет, 20 адад соати зеҳнӣ ва 50 адади дигар тўҳфаҳои арзишманди раёсати донишгоҳ гарданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like