Шанбегии дастаҷамъона дар ДДҲБСТ

Имрӯз, 15.02.2025 дар ДДҲБСТ бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа, устодон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ ва аъзои “Созандагони ватан”-и ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар шанбегии дастаҷамъона дар шафати бинои таълимии №2 донишгоҳ дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд.
Бояд тазаккур намуд, ки ин иқдоми созанда ва ободкорӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллатамон ба ҳукми анъана даромадааст ва устодони донишгоҳамон ҳамасола, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ даҳҳо шанбегӣ баргузор менамоянд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like