Ашхоси ваҳшитабиат

Имрўз сокинони ҷумҳурӣ аз воқеаҳои санаи 6 ноябри соли равон дар ноҳияи Рўдакӣ  рух дода  изҳорӣ нигаронӣ менамоянд. Ҳама дар он ақида мебошанд, ки дар ин амали террористӣ ТЭТ ҲНИ даст дорад ва кирдорҳои ғаразомези аъзои «Паймони миллӣ» мебошад, ки онҳо ғуломи пулу сармояи хоҷагони хориҷӣ мебошанд.

Аз касе пўшида нест, ки гурўҳҳои ҳангомаҷў кўшишҳои авомфиребонаи худро бо номи дини ислом вобаста намуда, барои қонеъ гардонидани ғаразҳои шахсии хеш аз арзишҳои динӣ суистифода менамоянд. Ин ашхоси  ваҳшитабиат роҳи дигари рўзгузаронӣ надоранд, барои он ки гарданашон барои меҳнат хам намегардад.

Мардуми тоҷик ин амалҳои носипосони Ватанро маҳкум намуда, дар онақидаанд, ки ин нохалафон барои мамлакати худ коре анҷом надодаанд, ки модар ва фарзандон ягон манфиат дида бошанд.Аз ин лиҳоз ҳама бо як овоз садо менамоянд: «Нест бод ТЭТ ҲНИ».

Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъан давлати дунявӣ мебошад. Мувофиқи муқаррароти моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мафкураи ҳеҷ як ҳизб иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонад. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад, манъ, аст”.

Имрузхо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияҳои ифротгаро ва ҳатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҷавонон аз камтаҷрибагию нофаҳмӣ ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил гашта, минбаъд аз тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан, дар ҳайати ин ташкилотҳо фаъолияташонро идома медиҳанд. Такмил додан, беҳтар кардани сифати тарғибу ташвиқоти солим ва созанда яке аз кафолатҳои муҳими таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа ва пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ мебошанд.
Биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрӯзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрӯз ва фардои худ талош варзем.

Ҷабборов Ғ.Н. – сармуаллими

кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ

You might also like