Маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба ғолибони озмуни Стипендияи раёсати донишгоҳ
28 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид, муовинони ректор ва деканони факултетҳо маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба ғолибони озмуни Стипендияи раёсати донишгоҳ доир гардид.
Мавриди қайд аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва тақвият бахшидани донишҳои тахассусиву сиёсии донишҷӯёну магистрантон ва докторантони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмун барои дарёфти Стипендияи раёсати донишгоҳ, сараввал дар гуруҳҳои академӣ ва факултетҳо, шуъбаҳои магистратураву докторантура ва литсейи назди донишгоҳ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ 91 нафар роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ комиссияи озмунӣ аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, дониши сиёсию ҳуқуқӣ, донишҳои тахассусӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба сатҳи дониши довталабон баҳогузорӣ карданд.
Тибқи хулосаи аъзои комиссия 30 нафар довталаб, ки холҳои баландтаринро аз рӯйи шартҳои озмун ба даст оварданд, барои гирифтани стипендияи раёсати донишгоҳ барои соли хониши 2024-2025 сазовор дониста шуданд.
Ба ҳамаи ғолибони озмун аз ҷониби ректори донишгоҳ дар шароити тантанавӣ шаҳодатнома дар бораи гирандаи Стипендияи раёсати донишгоҳ супорида шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа