Ифтитоҳи синфхонаи таҷрибаомӯзии таълимӣ дар ММТУ №22 – и шаҳри Хуҷанд
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калидии мамлакат иброз намуда таькид месозанд, ки мо бояд барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ҳамкориро бо илм ва истеҳсолот, дар баланд бардоштани мутахассисони рақобатпазири меҳнат тайёр намоем.
Раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ аз муҳимтарин воситаи тайёрии касбии донишҷӯён ба касби интихобнамудаашон – касби омӯзгорӣ ба шумор меравад.
Тибқи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни курси 4 –уми ихтисоси – Забони англисӣ дар ММТУ №22 ба номи Ҷ. Расулови шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзии омӯзгории худро гузаронида истодаанд.
Бо ташаббуси мудири кафедраи забони англисии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Мирзоҷонова М.Қ. ва бо дастгирии раёсати донишгоҳ, дар ММТУ №22 – и шаҳри Хуҷанд ба номи Ҷ.Расулов ташкил карда шудани кабинети таълимӣ –методӣ иқдоми саривақтӣ буда, шоистаи пайравӣ мебошад.
Дар ифтитоҳи синфхонаи таҷрибаомӯзии таълимӣ мудири шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Сатторова М.А., мудири кафедраи забони англисӣ, дотсент Мирзоҷонова М.Қ. ва директори муассиса Каримзода С.О. иштирок намуданд.
Бояд зикр кард, ки синфхонаи таҷрибаомӯзии таълимӣ – методӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ, шахсан ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ташкил гардида, фаъолияти худро оғоз намуд.
Садорати муассисаи мазкур барои ташкили синфхонаи таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкории дуҷониба, ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос арзи сипос ва миннатдории худро баён намуданд.
Дар баланд бардоштани самти таҷрибаомузӣ нақши омузгорон хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро давра ба давра сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ имкон медиҳад, ки норасоии омӯзгорон аз байн бардошта шавад.
Ҳадаф аз таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим бар он равона гардидааст, ки донишҷӯён (ҳамчун мутахассисони оянда) дар раванди таълиму тарбия дар мактаб донишҳои илмию назариявии аз рӯи ихтисос азхуднамудаашон, инчунин малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа