Баргузории чорабиниҳои мухталиф дар доираи ҳафтаи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар заминаи нақшаи чорабиниҳои ҳафтаи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, аз санаи 09-ум то 14-уми декабри соли 2024 дар кафедра чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ баргузор гардиданд.

Санаи 9-уми декабр ҳамоиши илмӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти нобиғаҳои илми ҳуқуқшиносӣ, академик Раҷабов С.А., академик Тоҳиров Ф.Т. ва н.и.ҳ., дотсент Ҳасанов С.Ҳ. ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар рафти ҳамоиши мазкур маърузаҳо аз ҷониби д.и.ҳ., дотсент Шокиров Ғ.А. дар мавзуи «Нақши академик Раҷабов Солеҳ Ашўрхоҷаевич дар ташаккул ва рушди илми назарияи давлат ва ҳуқуқ», н.и.ҳ. дотсент Обидов Д.С. дар мавзуи «Оид ба ҳаёт ва фаъолияти касбии олими фозил ва инсони бузург академик Тоҳиров Фозил Тоҳирович», н.и.ҳ., дотсент Ҳоҷибобо З.М. дар мавзуи «Мавқеи олими соҳа номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҳасанов Солибой Ҳасанович дар ташаккули мактаби илмии назарияи давлат ва ҳуқуқи муосир» ироа карда шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, н.и.ҳ., дотсент Кенҷаев Ш.Ю., мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, н.и.ҳ., дотсент Қодирзода М.А., мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, н.и.ҳ., дотсент Санавваров Ғ.Б. ва дигар иштирокчиён андешаҳои худро иброз намуданд.

Ҳамчунин, санаи 9-уми декабр маҳфили илмии донишҷўён «Давлатшинос» бо иштироки устодон ва донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор карда шуд, ки дар он донишҷўёни курси 4-уми шуъбаи рўзонаи факултети ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси 1-24.01.02 (т) Ҷумабоев Сиёвуш, Соҳибов Амирмуслим ва донишҷўи курси 1-уми ихтисоси мазкур Салимова Шукрона бо маърузаҳои худ баромад намуданд.

Санаи 10-уми декабр конференсияи илмӣ-таълимӣ бо иштироки омўзгорон ва донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ, бахшида ба «10-уми декабр- рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» ва эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ташкил карда шуд. Дар чорабинии мазкур мудири кафедра, дотсент Қодирзода М.А. дар мавзуи «Амалишавии ҳуқуқҳои экологии инсон дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо», дотсент Обидов Д.С. дар мавзуи «Некоторые вопросы правогенеза в современной юридической науке», дотсент Акилова М.М. дар мавзуи «Конститутсия ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маъруза намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ саволу ҷавоб ва музокирот доир гардид.

Санаи 11-уми декабр семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ – кафили рушди давлати ҳуқуқбунёд» баргузор карда шуд, ки дар он декани факултет, дотсент Кенҷаев Ш.Ю., мудири кафедра, дотсент Қодирзода М.А., дотсент Шокиров Ғ.А. дар мавзуи «Нақши иттилоотоникунонии мураттабсозии қонунгузорӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ», дотсент Обидов Д.С. дар мавзуи «Суд ҳамчун шакли ҳастии ҳуқуқ дар ислом» бо маърузаҳо ва андешарониҳо баромад намуданд.

Дар давоми ҳафта, санаи 12-уми декабр мизи мудаввар дар мавзуи «Методикаи навиштани китоби дарсӣ, дастури таълимӣ ва мақолаи илмӣ» ташкил карда шуд, ки дар он дотсент Обидов Д.С. дар мавзуи «Маводҳои таълимӣ ва нақши онҳо дар раванди таълим» ва мудири кафедра, дотсент Қодирзода М.А. дар мавзуи «Баъзе масъалаҳо оид ба усулҳои муосири таҳияи мақолаи илмӣ» баромад намуданд.

Санаи 13-уми декабр вохўрии судманд бо омўзгорон ва хонандагони литсейи донишгоҳ дар мавзуи «Роҳҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар байни наврасону ҷавонон» баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ маърузаҳо ва фикру андешаҳо аз ҷониби директори литсей Ачилов  М.М., мудири кафедра, дотсент Қодирзода М.А., дотсент Обидов Д.С., муовини декан оид ба корҳои тарбия, муаллими калон Холиқов И.А., мутахассиси пешбари Хадамоти иҷро дар вилояти Суд Хоҷаев Д.М., раиси шурои донишҷўёни донишгоҳ Соҳибов А.У. ироа карда шуданд.

Санаи 14-уми декабр ҷамьбасти ҳафтаи кафедра баргузор карда шуда, дар доираи он фикру мулоҳизаҳои ҳайати профессорон ва омўзгорон роҷеъ ба боз ҳам тақвият бахшидани раванди баргузории чорабиниҳои минбаъдаи ҳафтаи кафедра иброз карда шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like