Ғолибияти донишҷўёни ДДҲБСТ дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ
Боиси ифтихор аст, ки як қатор варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи мухталиф ширкат варзида, муаррифгар ва парчамбардори давлати тоҷикон гардиданд.
Донишҷӯи курси 4-уми факултети технологияи инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Каримова Муътабархон Хуршедовна дар Чемпионати Ҷоми Кушоди Элеонора аз рўи намуди ушу, ки санаҳои 7-8 декабри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуда, мақоми аввалро соҳиб гардид.
Бояд зикр кард, ки дастаи яккачини варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 нафарашон донишҷўёни донишгоҳамон, аз ҷумла, Каримова Муътабархон Хуршедовна, донишҷўи курси 4-уми факултети технологияи инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, Хуршедзода Мирзодалерхон ва Муллобоев Хуршед Саломович – донишҷӯёни курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, таҳсилоти фосилавӣ буда, дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намуди ушу 26 медал, аз он 19 медали тилло, 5 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин яке аз дастовардҳои беҳтарин арзёбӣ мешавад.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба варзишгарон дар мусобиқаҳои минбаъдаи сатхи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ барору комёбӣ таманно дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа