Хиёнати навбатии хоинон ба миллат

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Таҷлили ҷараёни вазъи сиёсии ҷаҳони имрўза  ва чораҳое, ки бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ), хусусан дар  минтақаи Осиёи Марказӣ  андешида шуда истодаанд, аз он  гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналми­лалӣ дар маҷмӯъ ба амнияти  тамоми давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо кардааст. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди ғоя ва фаъолияти ҳама гуна  марказ ва созмонҳои динӣ-экстремистӣ, сарчашмаҳои маблағузории террористон ва таҷрибкорон қатъиян амал мекунад.

Зуҳуротҳои иф­ротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз давраи аввали соҳибистиқлолият ва соҳибихтиёрӣ то имрўз низ ба мушоҳида мерасанд, ки барангезандагони  он дар симои  аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва анакнун Паймони миллии Тоҷикитсон (ПМТ) баръало аён гардид. Чунки гурўҳи ашхоси муайян, аъзоёни ПМТ хиёнаткорона бо кирдорҳои хавфноки худ асосҳои конститутсионии ҷомеаро инкор намуданд, ба васеъ гардидани доираи амал ва афзоиши хатари терроризм ва экстремизм (ифрот­гароӣ) бо тарғибу ташвиқоти низоъву ҷудоиандозӣ дар байни мардуми  кишвар сабаб гардиданд, ки аҳли солими ҷомеаро бетараф монда наметавонад.

Мардуми кишвар аз нияту мақсадҳои нопоки ин тоифа огаҳ гардида, кирдорҳои онҳоро маҳкум мекунад ва намегузорад, ки онҳо ба ҳадафҳои иғвогарӣ, ҷудоиандозиву низоъангезии худ ноил шаванд.

Бинобар ин, яке аз вазифаҳои  муҳими имрўзаи мо ошкор намудан,  бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани ғояҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта  (ифротгароӣ) мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ноил шудан ба мақсад дар ҳалли вазифаҳои му­қовимат бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), мо аҳли зиёиён  қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди  ташкилоти ифротгароӣ эълон гардидани Паймони миллии Тоҷикитсонро ҷонибдорӣ мекунем.

Қаҳоров Н.М. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи

судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like