Тарбияи насли наврас масъулияти мост!
Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, донишандўзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кўшиш мекарданд.
Албатта, маълум аст, ки оила, пеш аз ҳама, падару модар, дар ташаккул ва рушди маънавии фарзанд нақши мондагор доранд. Чизеро, ки фарзанд дар давраи хурдсолӣ мебинад, дар зеҳнаш нақш баста, дар тамоми ҳаёт бо ӯ мемонад. Аҳамияти оила дар он зоҳир мегардад, ки кӯдак дар он қисми зиёди умри худро мегузаронад ва ҳамчун шахсият низ дар оила ташаккул мёбад. Аз ин лиҳоз, ягон институти тарбия ба оила баробар шуда наметавонад. Чун таҳкурсии асосии шахсияти фарзанд дар оила гузошта шудааст, баъди қадамҳои нахустини худро ба остонаи мактаб гузоштан ва маҳз дар ҳамкории зичӣ падару модар бо мактаб, шаклгирии шахсият пурра, яъне мукаммал мегардад. Аз таҷриба ва мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксаран мо фаромӯш месозем, ки дар оила нафақат чун омили мусбӣ, балки омили манфии тарбия низ амал мекунад. Аз ин ҷо бар меояд, ки агар дар омили мусбии тарбия шахсони ба кӯдак ниҳоят азизу наздик падар, модар, бобо, бибӣ, хоҳару бародар нақши асосӣ бозанд, дар омили манфӣ низ ин нафарон нақш мебозанд, зеро ягон институти иҷтимоӣ ин нақшро иҷро карда наметавонад.
Педагоги машҳури рус А.С. Макаренко гуфта буд: “Фарзандони мо пирии мо ҳастанд, тарбияи дуруст- пирии хушбахтона, тарбияи нодуруст минбаъд аз обу ранҷ, ашк, ин гуноҳи мо дар назди дигарон аст”. Аз ин гуфтаҳо ба андешае меоем, ки бархе аз ҷавонони мо, ки оянда давлату давлатдори дар дасти онҳост ба ҷойи ба ҷамъият кору фаъолият намудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ифротгаро шомил гардида ба роҳи гумроҳӣ мераванд. Имрўзҳо дар ҳаққи фарзандон чи қадар падару модарон меҳнату заҳматҳо кашида онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд, лекин ҷавононе ҳастанд, ки бар муқобили тарбияи хуби фарзанд ба гуфтаҳои шахсони нопок бовари ҳосил намуда ба монанди гуфтаҳои Кабирии хоин боварӣ ҳосил намуда, шомил мегарданд.
Қайд карданием, ки илоҳо фарзанди ягон шахс ба гумроҳӣ наравад, илоҳо ҳеҷ модари тоҷик дар фироқи ҷигарбандаш насӯзад. Мо медонам, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ чи қадар фарзандони тоҷик қурбони сиёсатҳои разили гуруҳҳои пастфитрати наҳзатӣ гардида буданд.
Ба ақидаи мо барои дар асоси қонун тарбия ва тайёр намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона омилҳои зерин ба эътибор гирифта шаванд:
- Масъулиятшиносӣ ва қобилияти дарк карда тавонистани рафтору кирдор.
- Омодагии комил барои барпо намудани оилаи солим.
- Омодагии ҷиддии психологӣ.
- Такмил додани дониши динию дунявӣ.
- Маҳорати баланди этикӣ ва эстетикӣ.
Аз ин лиҳоз, падару модарон бояд рисолати муқаддаси худ тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардўстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сўи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.
Раҳматуллоева Р.Р – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ