«Пешвои миллат – кафили сулҳу субот»
Санаи 16.11.2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳидояти ректори донишгоҳ ва ташаббуси факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – кафили сулҳу субот» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа Абдусаттор иштирок ва баромад намуд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар бораи ин санаи таърихӣ ва муқаддас будани он барои мардуми Тоҷикистон ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухани ифтитоҳӣ намуда, аз он ҷумла зикр намуд, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад…
Сипас, сухан барои маъруза ба раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа Абдусаттор дода шуд. Мавсуф, дар бораи роҳбари сарсупурда, фарзанди арзандаи миллат – Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, аз он ҷумла чунин гуфт: “Президенти мамлакатамон дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуда буданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонанд ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунанд ва ҳамаи савгандҳои сарвари давлат амалӣ гардиданд. Ӯ ҳамчунин, таъкид намуд, ки Пешвои миллат тамоми нерӯи худро барои ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона сохта, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот бахшиданд…
Сипас, аз рӯи барнома мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳомидзода Фурқат Муқим дар мавзуи «Президент – кафили ваҳдати миллӣ!» маъруза намуда, дар бораи ташаббускорӣ, ҷасорату далерӣ ва корнамоиҳо, талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ бо далелҳо сухан ронд.
Баъд аз он мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Саидзода Шӯҳрат Шукур дар мавзуи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – Иҷлосияи тақдирсози миллат!» баромад намуда, дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI ва ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ ҳарф зад.
Баъди маърузаҳо маросими қадршиносии як зумра донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ бо дафтарҷаи узвият ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва супоридани туҳфаву сипосномаҳои ҳизб ба устодони донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ маҷлиси тантанавиро бо ин суханҳо ҷамъбаст намуд: “Ташаббусҳои сарвари давлатамон ҳамчун достони мардонагию қаҳрамониву ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи миллати фарҳангию куҳанбунёдамон бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст. Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми неру, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.”
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа