Баргузории семинар бо намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 ироа намуданд, санаи 08.11.2024 дар маҷлисгоҳи шурои диссертатсионии 6D.КОА-013 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинар – машварат бо намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори семинар сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Каримова Мавзуна, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ – молиявӣ ва ҳуқуқ Мастонаи Саидализод, мутахассиси шуъбаи атгестатсионии илмҳои табиӣ – математикӣ ва техникӣ Назармамадова Нурия, зиёда аз 30 нафар устодону профессорон аз донишгоҳу донишкадаҳои олии вилояти Суғд, муовинони ректор, сардорони раёсат ва устодону профессорони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар семинари мазкур намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҳлили фаъолият ва расонидани кӯмакҳои методӣ ба шуроҳои диссертатсионӣ доир ба масъалаи барасмиятдарории парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳо, гузаронидани машваратҳо доир ба таҳия ва пешниҳоди парвандаҳо оид ба дарёфти унвонҳои илмӣ, баррасии масъалаҳои вобаста ба маҷаллаҳои илмии тақризшаванда суханронӣ намуданд.
Бояд зикр кард, ки шурои диссертатсионии 6D.КОА-013 назди донишгоҳ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D050600 – Иқтисодиёт (6D050606 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ) ва 6D051100 –Маркетинг (6D051101- Маркетинг), ҳамчунин барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рўи ихтисосҳои 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ ва 08.00.10 – Менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ (маркетинг) бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 10/шд тасдиқ шудааст.
Дар тўли фаъолият дар шурои диссертатсионӣ зиёда аз 60 нафар муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ ва миқёси кишвар рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намудаанд.
Семинар бо саволу ҷавоб ва мулоҳизарониҳо хотима ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа