ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ “СТИПЕНДИЯИ САФИРИ ЧИН” ДАР СОЛИ 2024
Дирӯз дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаи Стипендияи Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин маросим донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Абдукаримова Шаҳло, Раҳмонзода Маҳваш ва Салимбоев Хайём барои гирифтани стипендияи мазкур ба маблағи 7500 сомонӣ дар соли 2024 мушарраф гардиданд.
Ректори донишгоҳ, д.и.и. Ҳомид Ҳошимзода донишҷӯёнро бо ин дастоварди назаррас табрику таҳният гуфта, барои онҳо дар корҳои минбаъдаашон муваққият орзу намуд. Донишҷӯён дар навбати худ ба ректори донишгоҳ барои муҳайё намудани шароити мусоид, ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони хитоӣ миннатдории худро баён намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа