Баргузории дарси амалӣ дар доираи ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

Санаи 29.10.2024 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар факултети №4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳамбастагӣ ва табодулоти таълим аз ҷиҳати назария ва амалия, дарси амалӣ бо курсантон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид, ки дар он мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ н.и.ҳ, дотсент Қаҳоров Н. М., омўзгорони кафедра Абдуллоева М.К. ва Кабирзода Г.Қ. иштирок доштанд.

Дарси амалиро бо мавзуи “Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса” полковники факултети №4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллобоев М. дар саҳни факултети мазкур бо воситаҳои техникӣ (нақлиёт, ҷасади сунъӣ, ҷомадонҳои криминалистӣ, автомати Калашников, туфангчаи Макаров, тир, маводи мухаддир, лентаи иҳотакунандаи ҷойи ҳодиса) баргузор намуд. Дар он ба сифати  шахсони холис, кормандони оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, нозири минтақавӣ аз ҳисоби донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва курсантони академия, нақши иштирокчиёни мурофиаро ба роҳ монданд.

Дар ҷараёни дарс аз тарафи донишҷӯён ва курсантон, сари вақт протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса бо шарҳ додани қоидаҳои амали тафтишӣ  аз тарафи омўзгор Муллобоев М. тартиб дода шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like