Тарбияи ватандўстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон хониши сиёсӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ”, бо иштироки донишҷӯёни бахшҳои 1-ум ва 4-уми факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулини Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД -и вилоят, филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа