ДДҲБСТ соҳиби беҳтарин дастоварди илмӣ гардид

Санаи 25 октябри соли 2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи олимон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон” бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур намоянда аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д.и.и., профессор Ризоқулов Т.Р. иштирок ва баромад намуданд.
Дар фарҷом, маросими супоридани ифтихорнома, сипоснома ба олимону зиёиён ва муҳаққиқони ҷавон, ки дар пешбурди фаъолияти илмӣ саҳми арзанда гузоштаанд, тақдим карда шуд. Аз ҷумла, тибқи Фармоиши Раиси Комиссияи №116 аз 24.10.2024 барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои назаррасу фаъолияти бенуқсон Шурои диссертатсионии 6Д. КОА – 013 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Шурои диссертатсионии беҳтарин» дониста шуда, бо Сипоснома ва тўҳфаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд.
Сипосномаро ба ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намудаанд.
Бояд зикр кард, ки Шурои диссертатсионии 6D.КОА-013 назди донишгоҳ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D050600 – Иқтисодиёт (6D050606 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ) ва 6D051100 –Маркетинг (6D051101- Маркетинг), ҳамчунин барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рўи ихтисосҳои 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ ва 08.00.10 – Менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ (маркетинг) бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 10/шд тасдиқ шудааст.
Дар тўли фаъолият дар Шурои диссертатсионӣ зиёда аз 60 нафар муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ ва миқёси кишвар рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намудаанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like