Форуми “AI & Robots: Youth Leading the Future” дар ДДҲБСТ

 

23 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон форуми “AI & Robots: Youth Leading the Future” баргузор гардид. Чорабинии мазкур барои ҷавонони лаёқатманди аз синни 18 то 30 сола равона шуда, мақсад аз ташкил ва баргузории форум насли ҷавонро бо имкониятҳои инноватсионӣ дар соҳаи технология, робототехника ва зеҳни сунъӣ шинос намудан мебошад.

Форум дар доираи платформаи Jobify ташкил гардид ва аз ду бахши асосӣ иборат буд:

  • Ярмаркаи ҷойҳои корӣ
  • Сессияҳои таълимӣ.

Дар ярмарка, намояндагони ширкатҳои пешсафи молиявӣ, иттилоотӣ ва маорифии ватанӣ, ба монанди Алиф Бонк, Бонки Эсхата, Фаровон ва Инноватсияи ояндасоз ва ғайра имкониятҳои кор ва омӯзишро ба иштирокдорон муаррифӣ ва пешниҳод намуданд.

Ифтитоҳи расмии форуми мазкурро бо суханрониҳои ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Эри Двиведи ва мудири Маркази ҷалби грантҳо ва кор бо лоиҳаҳо Маҳмудов А.С ҳусни оғоз бахшиданда, аз аҳамияти инноватсияҳо дар рушди иқтисод ва ташаккули ҷомеаи муосир ва тарбияи насли ояндасози ҷомеа дар радифи рушди босуботи илму техникаи замонавӣ сухан карданд.

Дар қисмати сессияҳои таълимӣ, иштирокчиён имконият доштанд, ки дар бораи тарзи истифодаи зеҳни сунъӣ барои пешбурди соҳибкорӣ аз медиаконсультант Рустам Гулов таҷриба гиранд, ё роботҳои оддиро дар сессияи Рустам Хоҷамкулов эҷод кунанд.

Илова бар ин, дар иштирокдорон дар сессияи махсус бо роҳбарии Тимур Шарипов аз студияи эҷодии Oogway ба масъалаҳои визуалии тарроҳӣ ва иртиботи дизайн таваҷҷуҳ карданд. Инчунин, Умедҷон Солиев – корманди ширкати Фаровон оид ба ихтисосҳои муосир маълумоти муфассал  пешниҳод намуд.

Форум бо қисмати шабакасозӣ ва қисми фарҳангии ғайрирасмӣ ҷамъбаст гардид, ин ба иштирокчиён имконият дод, то бо намояндагони ширкатҳо ва дигар ҷавонон шинос шаванда таҷрибаи худро мубодила кунанд.

Дар маҷмуъ, дар форум намояндагони 50 ширкату ташкилот ва зиёда аз 500 нафар ҷавонону наврасон иштирок намуданад. Ба зиёда аз 150 нафар иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like