Идомаи кори конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи устувори ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд” дар бахшҳо…
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи устувори ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд” ба ифтихори 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” давоми рӯз дар бахшҳо идома ёфт. Дар 10 бахши конфронс устодону донишҷӯён бо зиёда аз 100 мақолаҳои худ маърӯза намуданда,қайд карданд, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои илмӣ – амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он, пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар қуллаи баланди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон аст ва барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон нақши арзишманд дорад. .
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
Дар интиҳои бахши конференсия иштирокдорон бо саволҳо, фикру андешаҳои худ ва таклифу пешниҳодоти илмӣ- назариявӣ намуда, посухҳои мушахас гирифтанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа