Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи устувори ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд” дар ДДҲБСТ

Имрӯз, санаи 23 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи устувори ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд” баргузор гардид.
Дар кори конференсия як гурӯҳ меҳмонон аз МИҲД-и вилояти Суғд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва олимону коршиносон аз марказҳои илмӣ, аз ҷумла – намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Ғафуров Мирзоғуфрон, Бӯризода Эмомалӣ Бозор, д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пайрав Сайфиддинзода- ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд оид ба мониторинги қонунгузорӣ, кор бо матбуот ва муносибатҳои байналмилалӣ, Самадзода Ифтихор – муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд, Санавваров Ғолибҷон Бақоевич-мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ, Комилов Мирзокомил Мирзоубайдович-докторант аз рӯи ихтисоси (РhD) , соли 3-юми ДДҲБСТ иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” табрику муборакбод намуд.
Роҳбари донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: “Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт”.
Дар идома маърузакунандагон дар мавзӯҳои алоҳида баромад карданд. Онҳо перомуни санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба танзим даромадани вазъи ҳуқуқӣ дар мамлакат, ба омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузоштани он ва тадбири муҳиму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин ва эъмори давлатдории ҳуқуқбунёди миллӣ будани Конститутсия ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ибрози ақида карданд.
Баъд аз шунидани маърузаҳои илмии меҳмонон ба онҳо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
Дар анҷоми бахши ифтитоҳии конфронси ҷумҳуриявӣ ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” ва дар номинатсияи “Беҳтарин мақола дар бораи Конститутсия”, ки бо мақсади тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи маърифат бо ташаббуси ректори донишгоҳ дар сатҳи баланд баргузор гардида буд, бо ифтихорнома ва дипломҳои дараҷаи гуногун ва маблағҳои пулӣ аз ҷониби меҳмонон қадршиносӣ гардиданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – заминаи устувори ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд” баъди нисфирӯзӣ дар бахшҳо идома кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like