Баргузории озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ДДҲБСТ
Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва таҷлили 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни вилоятии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни донишҷўёни вилоят ташкилу баргузор шуд.
Дар озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия д.и.и., профессор Даврон Бобоҷониён, сардори раёсати корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, н.и.и, дотсент Асророва М.А., декани факултети ҳуқуқшиносӣ, н.и.ҳ., дотсент Шӯҳрат Кенҷаев ва аъзои ҳакамон иштирок намуданд.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, муайян намудани беҳтарин донандаи Конститутсия, беҳтарин мақола дар бораи Конститутсия, тақвияти касбияти муҳаққиқон ва олимони ҷавон равона гардид.
Озмун дар ду номинатсия, “Беҳтарин донандаи Конститутсия” ва “Беҳтарин мақола дар бораи Конститутсия” баргузор гардид.
Дар озмун зиёда аз 50 нафар донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳои вилоят иштирок намуданд. Вобаста ба номинатсияи “Беҳтарин мақола дар бораи Конститутсия» беш аз 35 мақола пешниҳод гардидааст.
Натиҷаи озмун дар ду номинатсия, дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувори ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд», бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки санаи 23.10.2024 дар донишгоҳ баргузор мегардад, муайян ва ғолибон дар он қадршиносӣ карда мешаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа