Шарҳи ватандўстонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корбурди он дар таҳкими худшиносии миллии ҷавонон
Имрӯз, 18 октябри соли 2024 дар ҳошияи 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо бо устодону донишҷўёни донишгоҳ дар мавзуи “Шарҳи ватандўстонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корбурди он дар таҳкими худшиносии миллии ҷавонон” баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, н.и.ф., дотсент Саидумрон Саидов, муовинони ректор, роҳбарони раёсату бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва устодону кормандони донишгоҳ ищтирок доштанд.
Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода меҳмононро хайрамақдам намуда, барои ташрифашон миннатдорӣ баён кард ва мулоқоти имрўзаро муфид ва муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, Абдуллоҳи Раҳнамо ва Саидумрон Саидов ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуданд. Иброз шуд, Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кушишу талош намоем.
Дар анҷом, аз ҷониби меҳмонон ва устодони донишгоҳ оид ба мавзуи баррасигардида баҳсу музокирот баргузор гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа