Иштироки намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии “Мубодилаи технологияи саноатӣ-интеллектуалии кишоварзии Чин – Осиёи Марказӣ”
Санаҳои 14 -17 октябри соли 2024 дар шаҳри Ҷинани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии “Мубодилаи технологияи саноатӣ – интеллектуалии кишоварзии Чин – Осиёи Марказӣ”, ҷиҳати ташкили Алянси Паймони технологии “Кишоварзии зирак” – и Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д. и. и., профессор Ризозода Тӯра Раббим, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, д. и. и., профессор Дадоматов Далерҷон ва мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, н.и.ф., дотсент Эгамназаров Ҳамза иштирок намуданд. Рӯзи аввал дар ҷаласаи пленарии Форум муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ризозода Т. Р. дар мавзуи “Интегратсияи байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” баромад кард.
Иброз шуд, ки мубодилаи технологияи саноатӣ – интеллектуалии кишоварзии Чин ва Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Ин муассисаҳо тавассути барномаҳои нави таълимӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафтаи кишоварзӣ, ба мисли автоматикунонии истеҳсолот, истифодаи зеҳни сунъӣ ва зироатпарварии дақиқ, нақши калидӣ мебозанд. Муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо ҳамкории донишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотии Чин имконият доранд, ки мутахассисони баландихтисосро омода созанд ва ба густариши истифодаи технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат кунанд.
Ин ҳамкорӣ метавонад тавассути барномаҳои табодули донишҷӯён, омӯзгорон ва тадқиқотчиён амалӣ шавад, ки ба интиқоли донишҳои навтарин дар соҳаи зироатпарварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Бояд қайд намуд, ки дар Форуми мазкур зиёда аз 300 нафар намояндагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарони донишгоҳҳо, профессорони маъруф, кормандони сафоратхонаҳои хориҷии шаҳри Ҷинани Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, донишгоҳҳо, донишкадаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва корхонаҳо иштирок намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа