Баргузории мизи мудаввар бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ

 

Дирўз, дар Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур директори Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия, д.и.с., профессор Акмалова М.А., декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, н.и.ф., дотсент Майнусов Д.М., мудирони кафедраҳо ва омўзгорони факултети мазкур иштирок доштанд.

Чорабиниро директори марказ, профессор Акмалова М.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими истиқлолияти сиёсии кишвар сухан кард. Иброз шуд, вақте сухан дар бораи истиқлоли комили сиёсӣ меравад, пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, сарвари оқилу хирадманди кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад. Тавре ки дар китоби арзишманди Пешвои миллат “Уфуқҳои Истиқлол” омадааст: “…Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки кишвар ва мардуми худро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва ҷойгоҳи мустақил ва сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин сохт. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуд”. Аз ин рӯ, волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ, расидан ба қадри ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати ватан ва ҳифзи марзу буми он аст. Барои таҳкими оромиву суботи ҷомеа, мо ҳама дар назди халқу ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Истиқлоли Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро хизмат ба ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии  ҳар шахси бонангу номуси миллат аст.

Сипас, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Майнусов Д.Ф. оид ба қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, д.и.т., профессор Ҳомидзода Ф.М. оид ба таърихи қабули Конститутсия ва рушди он дар Тоҷикистон  суханронӣ намуданд.

Дар анҷом, аз ҷониби устодони факултет оид ба мавзуи баррасигардида баҳсу музокирот баргузор гардид.

 

 

 

 

 

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like