Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ сулҳи абад хоҳад овард!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ба яке аз кишвари ташаббускор дар самти ҳалли масоили мубрами глобалӣ маҳсуб ёфта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни байналмилалӣ дар самти сулҳу субот, беҳдошти сатҳи зиндагии шоистаи аҳолии ҷаҳон ва таъмини амният дар минтақа пайваста талош меварзад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22.09.2024 дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок ва суханронӣ намуда, дар Саммити Оянда пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ин иқдоми ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳидро барои муборизаи дастаҷамъона баҳри пойдории  сулҳу субот ва амният дар сайёра бештар ҳидоят менамояд.

Боиси қайд аст, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати пойдории сулҳу амният дар минтақаҳои алоҳида ва беҳдошти сатҳи зиндагии шоистаи аҳолии ҷаҳон ва иқтисодиёт иқдоми саривақтию аҳаммиятнок мебошад. Зеро бархе аз минтақаҳои ҷаҳон барои расидан ба сулҳу осоиши комил пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Мо, сокинони шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо он ифтихор мекунем, ки ин таҷрибаи сулҳофари Сарвари оқилу сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷаҳониён меомӯзанд ва мавриди амал қарор хоҳанд дод.

Вобаста ба ин, бо боварии комил ва умедворӣ гуфта метавонем, ки пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби кишварҳои аъзои созмони бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ ва ҷонибдорӣ гардида, барои даҳсолаҳои минбаъда ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, ободию пешрафт ва рушди иқтисодиёти кишварҳои олам ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва заминаи устувор гузоштан ба наслҳои солими ояндадор баҳри тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бештар мусоидат хоҳад кард.

 

СОЛИЕВ ҲОМИДҶОН АБДУМАННОНОВИЧ

н.и.и., муаллими калони кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like