Нотавонбинии Кабирии лаин аз сиёсати хориҷии Тоҷикистон
Санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Конфедератсияи Швейтсария имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Сафари Пешвои муаззами миллат шояд ба пӯстини пӯсидаи хоинони миллат, бахусус Кабирии лаин ва тарафдорони ӯ кайк ворид намуд, ки бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба бадгӯиву нотавонбиниҳо оғоз карда аз норозигӣ ва бадхоҳии худ нисбати миллатро исбот намуданд.
Ватанфурӯшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии гурӯҳи экстремистиву террористӣ боз ҳам ба мардум равшантар гардида, ҷинояткор будани худро ТЭТ ҲНИ бори дигар исбот намуд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гуруҳи нотавонбин тайи солҳо ва рӯзҳои охир бешубҳа аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимият аст на чизи дигар.
Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчубаи стратегияи дарозмӯҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.
Ин бадхоҳони миллат бояд бидонанд, ки хоки муқаддаси тоҷику тоҷикистонӣ на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғӯш мегирад. Аммо ба ҳар сурат Пешвои хирадманди миллат гуноҳи ҳазорҳо ҷинояткорону маҳбусони кишварро бахшиданд, ки аз бузургӣ ва хислатҳои неки инсонии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Ин дарси бузург ба Шумоён бадхоҳони миллат хоҳад буд.
Зимни сафар ба давлатҳои Швейтсария, Фаронса ва созмони ҷаҳонии Юнеско Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.
Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария таъсис дода шавад ва соли оянда ҷаласаи нахустини он дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария ва Фаронса мубоҳисаи судманд баргузор шуд.
Мо мардуми шарифи Тоҷикистон эътимодамон комил аст, ки сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сафарҳои хушоянду самарабахш бобарор хоҳад буд ва тамоми қувваю тавоноиашон ба манфиати давлату миллат масраф хоҳад гардид.
Рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дастоварду муваффақиятҳои маданиву фарҳангӣ, гулгулшукуфоии Тоҷикистони ҷавон, чашми душманону хоинони миллатро ки чанде пеш бо дастони касифи худ ба хун олуда намуда буданд, боз ҳам хиратар гардонид!
Азизова Н.Х. – сармуаллимаи
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ