МАҚОМИ ОМӮЗГОР ДАР РУШДИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ
Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Дар ин иртибот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш бобати баланд бардоштани мақоми омӯзгор таъкидҳои махсус намуда, онро ҳамчун омили муҳими рушди ояндаи ҷомеа арзёбӣ намуданд. Воқеан имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Дар баробари ин, муносибати дуруст бо омӯзгорон ва эҳтироми онҳо ба баланд гардидани масъулияти онҳо таъсири назаррас мегузорад. Вобаста ба ин Роҳбари давлат ба мақомотҳои дахлдор супориш доданд, ки дар муддатҳои кӯтоҳтарин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия карда шавад.
Ҳар чи қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳанд. Ҳавасмандкунии онҳо ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим муосидат менамояд. Омӯзгороне ки то вақти дарс ва ё баъди он ба савдову корҳои дигар машғул мешаванд ва бе омодагӣ ба дарс меоянд, он пастшавии сифати таълиму тарбия оварда мерасонад. Ва ё омӯзгоре ки ба хонандаву донишҷӯён самимӣ ва содиқона дарс намегӯяд ва ба ӯ сарчашмаи даромад назар мекунад, ба раванди таълим халад ворид мекунад. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф аз июли соли 2024 дар ҳаҷми 40% музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта шуд. Умед аст, ки чунин иқдому дастгирӣ заррае ҳам бошад барои беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгор ва сатҳу сифати таълиму тарбия таъсир хоҳанд расонд.
Ногуфта намонем, ки омӯзгорӣ кори ҳар нафар нест ва на ҳар шахс аз ӯҳдаи ин рисолати пурифтихор сарабаландона мебарояд. Чун барои иҷрои дурусту босифати ин рисолати омӯзгорӣ заҳмату ҷонфидоиҳои зиёд тақозо карда мешавад. Аз худи омӯзгор вобаста аст, ки то кадом андоза дар ин роҳ ҷидду ҷаҳд нишон дода, бо сабру таҳаммул машаққатҳоро паси сар менамояд. Зеро омӯзгори ҳақиқӣ боқӣ мондан, бардошту заҳматҳои зиёдро талаб менамояд. Омӯзгорон ҳамчун субъектони раванди таълим метавонанд дар самти омода кардани кадрҳои баландихтиос ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии кишвар саҳми муносиби худро гузошта, дар саҳифаҳои рангини зиндагии хеш хотироти некро ҷовидона боқӣ гузоранд.
Ҳоло чанд сол мешавад, ки Пешвои миллат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносиву ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон озмунҳои ҷумҳуриявиро роҳандозӣ намудаанд, ки бешубҳа сол аз сол доираи васеи иштирокчиёнро фаро гирифта, ба зиёд гардидани шумораи соҳибистеъдодони ҷавон таъсир расонида истодааст. Пешвои миллат дар мулоқоти худ ҳадафи баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро ҳамчун воситаи тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии мардуми тоҷик, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии шаҳрвандон, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз унвон намуданд.
Воқеан, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Шӯҳрат Саидзода,
н.и.с., дотсент, мудири кафедраи
фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ