ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР”
Ҳамасола дар кишвар бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ санаи 1-уми сентябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад. Аз ҷумла, имсол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 и шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо аҳли ирфон баргузор гардид. Дар мулоқот Президенти мамлакат масъалаҳои муҳими соҳаи илму маориф, таълиму тарбияи ҷавонон, сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, мақоми омӯзгор дар ҷомеа, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин, Президенти кишвар дар қатори масъалаҳои дигар, баланд бардоштани нақш ва мақоми омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеаро муҳим арзёбӣ намуданд.
Воқеан, дар омода намудани мутахассисони соҳибтахассус, пуртаҷриба ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ нақш ва ҷойгоҳи омӯзгор муҳим дониста мешавад. Омӯзгор ва фаъолияти пурмашаққати ӯ боис мегардад, ки кӯдак дар зиндагӣ шахси мустақил, бомаърифат ва соҳибнуфуз гардида бошад. Ӯ дар раванди фаъолияти худ на танҳо таълим ва тарбияи ҷавононро дар дӯши худ дорад, балки барои ҳамчун инсони комил ба воя расидани шогирдонаш саҳмгузор аст. Дар ин росто дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул карда шавад. Қабули қонуни мазкур дар кишвар муҳим ва саривақӣ буда, барои боло бурдани нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба сифати омили муҳими мусоидаткунанда баромад мекунад.
Таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин самт нишон медиҳад, ки чунин навъи қонун ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шудааст, ва барои боло бардани нақш ва мақоми омӯзгор хизмат менамояд. Мо – кулли омӯзгорони кишвар ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” якдилона дастгирӣ мекунем ва ҷонибдорӣ қабули он мебошем!
Комилов М.М.,
ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ