Изҳоротои кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнат нисбати сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Мо устодони кафедраи мазкур мақолаи “Сафари Пешвои миллат ба Европа бозгӯкунандаи қудрати миллати тоҷик аст»-ро мутолиа намуда, онро пурра дастгирӣ менамоем.
Ҳалқаҳои зиддимиллӣ, ки дар муҳити оворахонаҳои Авропа хайма задаанд, аз ҳар дастоварди давлатдории муосири тоҷикон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳангомаи нораво паҳн мекунанд ва онро мо шаҳрвандони баору номусдори мамлакат маҳкум менамоем. ТЭТ ҲНИ худ як гуруҳи ифротӣ ба ҳисоб рафта, ба ғайри туҳмату ҷангандозӣ дигар кори дурусте надорад.
Қайд кардан лозим аст, ки сокинони мамлакат шабу рӯз барои гул-гулшукуфтани Ватани азизамон меҳнати пурсамар доранд. Дар айни хол Тоҷикистон ба кишвари абарқудрати минтақавӣ табдил ёфта истодааст. Максалан: НОБ-и Роғун сохта шуд; созмони муътабари «Дуинг бизнес» номи кишварро дар қатори кишварҳои даҳгонаи беҳтарин бо шароити мусоиод сайёҳӣ ном мебарад; варзишгарони мо қаҳрамони ҷаҳон гардидаанд. Дар айни ҳол бо итмоми комил гуфтан мумкин аст, ки тоҷику тоҷикистонӣ давлатии обод ва озод дошта, қудрати ҳимояи халқи худро аз хоинони давлат дорад.
Мо устодони кафедраи мазкур боварии комил дорем, ки сафари Пешвои миллат ба Авропа ба рушди иктисодию иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар иқтисодиёти ҷахонӣ таъсири устувор мегузорад. Сафари бобароро орзумандем.
Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ