Иғвоҳои навбатии Кабирӣ
Ба ҳамагон маълум аст, ки тӯли чанд соли охир раиси ТЭТ ҲНИ, ҳамакнун ба ном Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш бо паҳн намудани ҳар гуна суханҳои беасоси худ давлату ҳукумати моро танқид менамояд.
Аз ҷумла, имрӯзҳо сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 4 ноябри соли ҷорӣ ба мамалакатҳои Аврупо доир гардид ва нисбати он хоинон ҳар гуна суханҳои беасоси бемантиқ баён намуданд. Гӯё ки давлату Роҳбари миллати моро касе дар Аврупо қабул намекарда бошад. Хоинон чунон менависанд: «Раҳмон тамоми тавонашро ба харҷ дод, то ин ки якчанд ҳамватану тоҷикро аз ватан беватан кунад, берун кунад…».
Ин суханҳо вобаста ба масъалаи сафари Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакатҳои Аврупо чӣ дахл дорад? Агар ба арсаи байналмилалӣ назар кунем, баръало маълум мешавад, ки ягон давлате нест, ки шаҳрвандаш дар давлати бегона муҳоҷир набошанд. Аз ҷумла, аҳолии давлатҳои тараққикардаи муосир чун Русия, ИМА, Фаронса ва ғайра дар давлатҳои дигар ба ҳайси муҳоҷир кору фаъолият доранд. Ба таври дигар гӯем, дар куҷо кору фаъолият намудан ин ҳуқуқи шахси инсон аст ва Кабирӣ ҳуқуқи ба ин масъала айбдор намудани Президент ва ҳукуматро надорад.
Бояд қайд кард, ки сафари Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз Пешвои миллат низ бо мақсади густариш додани робитаҳои байнидавлатӣ ва бастани шартномаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Кабирӣ, ки ҷиловаш дар дасти дигарон асту ӯро водор намуданд, ки доимо зидди Ҳукумати Тоҷикистон баромад кунад, чунин суханҳои беасосро мегӯяд.
Кабирӣ дар сомонаи Паём.нет қайд мекунад, ки бо дипломатҳои аврупоӣ дар вақти кадом конфронсе сӯҳбат намудааст, ки гӯё дипломатҳои мо аз Аврупоиён барои ҳамоҳанг сохтани сафари Президент маслиҳат намуда бошанд. Ин маълумоти ӯ ба ҳақиқат наздик ҳам нест. Зеро, агар рост мебуд, ном ва насаби ҳамон дипломатро қайд менамуд. Дигар ин ки дипломати ягон давлати аврупоӣ масъалаҳои байнидавлатии худро бо Кабирӣ барин одамони кӯчагии тасодуфӣ маслиҳату муҳокима намекунад.
Суханрониву баромадҳои хоинон дар кучаҳои Аврупо беасосу дурӯғ буда, аз иғвогарӣ холӣ нест. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш душмани халқи Тоҷикистон буда, мақсадашон иҷрои супоришҳои хоҷагонашон аст.
Нурмаҳмадов Ю. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ