РЎЙДОДҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ЧОРАҲОИ МУҚОВИМАТ БО ДИНИ ИФРОТӢ

 

Таърихи муосири даватдории миллӣ гувоҳи он аст, ки бо мақсади ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва заиф намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ, ҳадафҳои асосии фаъолияти таҳрибкории онҳо террори роҳбарони ҷумҳурӣ, вакилони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, намояндагони ҳизбҳо ва ҷамъиятҳо, корхонаҳои дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта ва намояндагони ташкилоти байналхалқӣ қарор гирифтанд.

Бо ин мақсад ба ҷумҳурӣ гуруҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Аз тарафи ин гуруҳҳо амалҳои террористӣ нисбат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Ҳувайдуллоев, раиси ноҳияи  Ғарм Б. Музаффаров, депутати Маҷлиси Олӣ  А. Неъматов, ректори  Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон  Юсуф Исҳоқӣ, муовини ў Минҳоҷ Ғуломов, аъзоёни Комисcияи оштии миллӣ О. Латифӣ, раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Кенҷаев, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Юлдошев, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҳимов, куштори намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар амалҳои террористӣ содир карда шуданд.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони  ҳуқуқӣ,  ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо мерасонанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилот террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмуъ Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ҳодисаҳои солҳои охир дар кишвар рўйдода, аз ҷумла фирор кардани 25 нафар ҷинояткорон аз маҳбасхонаи муваққатии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалиёти ҷангии рухдода байни қувваҳои ҳукуматӣ ва гуруҳҳои террористӣ – экстремистӣ дар минтақаи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои  Балҷувон ва Темурмалик, инчунин таркиши рўзи 3-юми сентябри соли 2010 дар бинои шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳодисаи  дар ҷамоати Чоркўҳи шаҳри  Исфараи ин вилоят ба амал омада, аз гуфтаҳои боло гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳодисаҳои номбурда бевосита ба терроризм ва экстремизми динӣ марбут ҳастанд ва маҳсули ин зуҳуроти номатлуб ҳисоб меёбанд. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки аксарияти  аҳолии Тоҷикистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд, онро парастиш мекунанд ва фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Қувваҳои ба Тоҷикистон душман ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд.

Чунонки  дар ибтидо зикр карда шуд, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи  мазкур  диққати  басо  ҷиддӣ дода мешавад. Ҳанўз ибтидои сол дар яке аз баромадҳои худ Сардори давлат таъкид намуд, ки дуруст иҷро нагардидани нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда  ба оромии кишвар мебошад. Инчунин, дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар фирефтаи гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ, эмиссарҳои ташкилоту ҳаракатҳои  террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ  ва  созмону ташкилоти террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Узбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” мебошад. Бояд бо таассуф зикр кард, ки фаъолияти ташвиқотию тарғиботии пайравони ин ташкилот  ва созмонҳои амалашон манъгардида дар вилояти Суғд низ ба назар мерасад.

 

Раҳматуллоева Райҳона Рашидовна

муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ

ва назорати прокурорӣ

You might also like