МО БОЗИЧАИ ДАСТИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ НЕСТИМ
Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳнгаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст.
Амалҳои терроризм ва хатари он барои ҳар як сокини кишвар хатарнок буда, зуҳуроти даҳшатноку нафратовар мебошад.
Аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала чунин арзёбӣ гаштааст: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст». Афзоиши ҷиноятҳои хусусиятҳои экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Наҳзатиёни фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи гурўҳҳои террористӣ, инчунин ташфиқоту тарғибот машғуланд. Онҳо ба ҳар роҳу усул мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахти оваранд. Ин афрод вақтҳои охир ба воситаи сомонаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар ваъзияти имрўзаи Тоҷикистонро ба фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ медиҳад. Ин экстремистӣ- террористии ҲНИТ ташкилотчӣ ва гунаҳкори асосии ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90- уми асри гузашта барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, мехоҳанд, ки бо ин кирдори носолимашон соҳиби пулу мол гарданд.
ҲНИТ фаъолияти ифротии шахсони муайян бо барномарезии махсуси манфиатҳо ва ҷоҳонбинии ифроти динӣ амалӣ шуда,онҳо дорои ҳадафҳои сиёсӣ мебошанд. Онҳо ҳаргиз ташкилотҳои динӣ набуда, барои паҳн кардани арзишҳои динӣ ташкил нашудаанд,ин шахсони ифротгаро ва тарзи фаҳмиши ифротии онҳо ҳамчун восита барои расидан ба мақсадҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти худ истифода менамоянд. Дар навбати худ пайравони ин гурўҳ зери таъсири фаҳмиши радикали худ омаданд, ки дар роҳи расидан ба мақсади худ аз тамоми воситаҳо истифода намуда, дар ин роҳ ҳама арзишҳоро инкор ва мавҳ созанд
Дар байни ҳизбҳои сиёсӣ ҲНИТ ягона ҳизбе буд, ки аз рўзҳои аввали ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид гардид. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз надошт ва ҷонибдории худро пайдо карда натавонист ва оқибат фано шуд. Фаъолияти хафноки ҲНИТ –ро ба назар гирфта, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳсати исломи Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаълияти ҳизбро қатъ намуд.
Таърихи 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котиботи Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмонӣ Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид. Руйхати ташкилотхоеро ки дар кишварҳои узви СААД ҳамчун терорист ва экстремист этироф шудаанд бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.
Дар руйхати мазкур дар катори созмонихои террористии байналмилали ба монанди «Ал-қоида» «ДИИШ» «Ансоруллаҳ» «Ихвон-ул муслимин» «ҲНИТ» низ тахти №65 ворид карда шуд.
Тоҷикистониён имрӯз шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ мекунанд ва қудрате доранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳое, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид менамояд, аз байн баранд.
Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найранги фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афрод, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқаддас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонад, ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Аз ин лиҳоз, имрўз беш аз ҳарвақта ҷомеа ва махсусан ҷавонони шарафманди кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳаргиз нагузорем, ки бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ шаванд.
Хоҷаева Марҳаматхон Исроиловна
устоди ДДҲБСТ