ТЕРРОРИЗМ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲДИДКУНАНДАИ ҶОМЕАИ МАДАНӢ
Дар чунин вазъияти кунунии ноором дар доираи қувваҳои муайян аз давлатҳои исломӣ ин раванди ифротиро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карда истоданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурўхтани яроқу аслиҳа ба гуруҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гуруҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд.
Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гуруҳҳои террористӣ ва экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ фаъолияти худро оғоз намоянд. Сипас дар мамлакат чӣ гуна вазъият ба амал омад, рафти воқеаву ҳодисаҳои ҷанги бародаркуши дохилӣ чӣ тавр сурат пазируфт, ҳамчунин халқи табиатан хирадпеша ва сулҳпарвари тоҷик чӣ гуна пеши оташи хонумонсўзи ҷангро гирифт, барои аксари мардуми мо маълум аст.
Дар ин масъала кўшишу талошҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кардан месазад, ки дар муқовимат зидди ин хатар чораҳои қатъӣ андешиданд. Аз ин рў, гуруҳҳои манфиатхоҳи экстремистӣ ба мақсадҳои ниҳоии худ нарасида, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд ва бо кўмаку дастгирии намояндагони ташкилоти террористии байналхалқӣ дар нимаи аввали солҳои 90 – уми асри гузашта силсилаи амалҳои террористиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонданд.
Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.
Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок ба роҳ монда шавад, чунки гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ – террористиро имрўз ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.
Раҳматуллоева Р.Р.- омӯзгори ДДҲБСТ