ШИОРИ МО – СУЛҲУ СУБОТ АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш паӣдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум то имрӯз як чанд маротиба бо Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ намудаанд.

Мӯҳтавои Паём аз лиҳози сохтор самтҳои масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Боз ба таври ҷузъӣ назар намоем, он масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, занон, таълиму тарбия, мудофиа, сиёсата хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва ғаӣраро дар бар мегирад. Аммо дар оғози Паёми пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи баӣналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад.

Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо расидааст.

Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористи манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғаӣришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Масалан дар рӯзҳои охир дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ як чанд гурӯҳҳои терростӣ амал намуда, ба аҳолӣ ва ба бюджети давлат зарари калон расонидааст.

Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз «Давлатӣ исломӣ» capкарда, то толибону ҳизбҳои дигари ба номи «исломӣ» равғани бештар мерезанд. Хабари воқеаҳои рӯзҳои охир дар давлатҳои Туркия ва Афғонистон, ки дар нашрия ва саӣтҳои серхонандатарини ҷаҳонӣ паҳн гардид, ин андешаро дар зеҳни онҳое, ки исломро чун дини террористон мешиносанд, боз ҳам қавитар карду дини исломро боз ҳам бадномтар.

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз Тоҷикисгон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода таҳқири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Террористону экстремистон, хоинону ватанфурӯшон ҷиҳод алаӣҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ. Вазифа меистад, ки шахсони масъул, шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимията давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз Худо битарсанд ва ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна оқибати ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вактҳои холӣ фурсат наёбанд.

Бештар ба забон омӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама иншорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофата исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдата миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.

 

                    Хӯҷаназарова М.И- дотсенти

                    кафедраи маркетинг-агробизнес

 

You might also like