ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БА АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ

Ҳадафи асосии созмонҳои терористии исломӣ на хидмат ба халқу ватан, дину мазҳаб ва инсон, балки ба воситаи қатлу куштор фиребу ҷаҳолат, сўиистифодаи боварӣ ба даст овардани қудрату мавқеъ мебошад. Ин созмонҳо бо пайдо шудани хурдтарин имконият ё сармоя ҳуқуқҳои мардуми мусалмонро поймол намуда, ормонҳои бепояи дили худро шикастан мехоҳанд.

Агар ба тамоми матолиби матбуотию расонаи наҳзатӣ ҷиддӣ таваҷуҳ намоем дарёфт хоҳем кард, ки ташкилоти экстремистию террористии динӣ, аз оѓоз ва решаю бунёд дар масири салтанатҳои бардамсозиии мардум ҳаракат кардааст ва то имрўз барпо намудани давлати исломиро  дар минтақа дар дил мепарварад. Маҳз ҷазбаи қудрат ва салтанатталабии ин созмони террористию экстремистӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри 20 ба вартаи ҷанги ҳамватанӣ тела дод ва боиси талафоти молию ҷонии гарон дар мамлакати мо гардид.

Чӣ тавре, ки дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

Барои ҳар як шахси маълумотдор, сиёсатмадор, ки дар арсаи сиёсат баҳс мекунад ана ҳамин моддаи якуми Конститутсияи номбурда кифоягӣ мекунад, зеро маҳз дар ҳамин модда қайд шудааст, ки давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате мебошад, ки сохташ демократӣ ва бунёдаш ҳуқуқӣ сатҳи идоракунии давлатиаш аз дин ҷудо аст. Чунончи:

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Решаҳои  терроризм  хеле  чуқур  буда,  базаи  иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии  он  иртибот  доранд. Ҳоло  касе  гуфта  наметавонад,  ки якумин  амалиёти  террористӣ кай  ва  дар  куҷо  ва  ба  кадом  мақсад  рух додааст.  Дар  аҳли қадим,  асрҳои  миёна  ва  давраи  нав ҳам  одамони алоҳида  ва ҳам  гурўҳҳои  муташаккили  сиёсию  мазҳабие  буданд,  ки  ба воситаи  тарсонидану  даҳшатафганӣ  мехостанд  мақсадҳои  худро  ба гардани дигарон бор намоянд.

Зиёдшавии теъдоди ашхосони хиёнаткор, ташкили шўру ошубҳо, хусусан аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ аз асли рукнҳои дину диёнат, оқибат ба ҷангу ҷидол, парокандагии халқу миллат ва таназзули давлат, пастравии иқтисодиёт, ки ба ин васила барои аз байн бурдани давлати мустақилу миллати тоҷик заминаи мусоид мешавад, оварда мерасонад.

Бинобар ин ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ  гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрузу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.                                                                              

    Мудири кафедраи ҳуқуқи

соҳибкорӣ ва байналмилалӣ

н.и.ҳ. дотсент Самадов Б. О.

You might also like