КАБИРӢ – ДУШМАН АСТ
Дар бисёр ҳолатҳо баъди мутоилаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернет афсӯс мехӯрам, ки дар ҷамъияти инсонӣ шахсоне, ҳастанд ҳама вақт халалдор ва рушди ин ё он кишварро чашми дид надоранд.
Дар бораи миллату халқ ва навиштӣ Кабирӣ дар сомона ба нашр расидааст хондам ва ба додаи ин шахс ангушти ҳайрат газидам. Мақсади нопоки инхел душманони миллат ва давлат буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ панҷ сол давом ёфт. Мақсади нопоки душманон буд, ки иқтисодиёти кишвар якчанд солҳо қафо монд. Чӣ қадар кӯдакон ятим, падару модарон бе фарзанд ва шаҳрвандон бе хонаву дар монданд.
Дар ҳақиқат шахси гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб диҳад, бевосита аз он, ки ин шахс дар куҷо истиқомат мекунад.
Кабирӣ аз ҳамин шахсон, ки берун аз Ватан истиқомат мекунад ва ободӣ ва осоиштагии халқи тоҷикро чашми дид надорад.
Мардуми азияткашидаи тоҷик аллакай рӯзҳои вазнинро паси сар кардааст ва барои ояндаи дурахшон дар интихобот овози худро додаанд.
Дар охир қайд намуданиам, ки мо набояд ба фикру мулоҳизаҳои душманони миллат диққат диҳем, балки ба сӯи ободиву созмонкорӣ ҳаракат намоем, яъне барои шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем. ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ.
Дадоматов Д.Н.- устоди ДДҲБСТ