ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶАМЪИЯТ

Терроризм, ки боиси хатари ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷаҳонӣ мегардад, аксар вақт бо истифодаи таълимоти динии таҳрифшуда асоснок мешавад. Барои муборизаи самарабахш бо ин таҳдид, ҳамкории наздики мақомоти қудратӣ ва ҷомеаи динӣ зарур аст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи  кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ  сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе  надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ  шудааст, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама  кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар  мебинанд.

Сабаби пайдо шудани ин зуҳуроти номатлуб ин бехабар будан аз илму технология, дур будан аз таълиму тарбия, беаҳмиятии волидон ва ҷомеа, паст будани шароити зиндагӣ, надоштани саводи мукаммали динию дунявӣ, надоштани саводи ҳуќуќӣ ва дигар омилҳои зиёдро мисол овардан мумкин аст.

Терроризм ва экстремизм таъсири васеъ ва харобиовар ба ҷамъият доранд:

  1. Ваҳшат ва нооромӣ: Амалиётҳои террористӣ ва иқдомҳои экстремистӣ метавонанд вазъи амниятиро бадтар кунанд ва воҳимаро дар байни мардум ба вуҷуд оранд. Ин ҳолат боиси нобоварӣ ба ҳукумат ва ниҳодҳои давлатӣ мегардад.
  2. Коҳиши иқтисодӣ: Амалиётҳои террористӣ метавонанд ба иқтисодиёти кишварҳо зарари ҷиддӣ расонанд. Тахриби инфрасохторӣ, коҳиши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ, инчунин хароҷоти зиёд барои мубориза бо терроризм ба рушди иқтисодӣ халал мерасонанд.
  3. Таҳрифи фарҳанг ва мазҳаб: Гуруҳҳои террористӣ аксар вақт аз ном ва идеологияҳои динӣ ва мазҳабӣ истифода мебаранд, то амалҳои худро асоснок кунанд. Ин боиси таҳрифи маъно ва моҳияти ҳақиқии дин ва фарҳанг мешавад ва метавонад муносибатҳои байни мардумро тира созад.

Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд.

                            Шокирова М.М., муаллими калони

кафедраи ТИКБ-и ДДҲБСТ

You might also like