РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ГАРАВИДАН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТУНДРАВО

Айни замон ифротгароӣ ва терроризм таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллӣ мебошад, ки метавонад ҳар як ҷомеаи босубот ва шукуфонро халалдор созад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризмро муҳимтарин вазифаи таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон медонад ва ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мебошад.

Роҳбарони гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро ҷавононро ба гурӯҳу созмонҳоу худ ҷалб карда, аксар вақт ба онҳо ҳалли осони ҳамаи масъалаҳо, аз ҷумла масъалаҳои моддиро ваъда медиҳанд. Ҷавонони нотавон аксар вақт ҳатто дар бораи он фикр намекунанд, ки бо иштирок дар фаъолияти ин гуна созмонҳо на танҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал намекунанд, балки мушкилоти нави зиёдеро ба вуҷуд меоранд, ки воқеан ояндаи онҳоро хароб мекунанд.

Албатта, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ба маротиб фоидаовартар аз рафъи паёмадҳои ин гуна падидаҳост. Барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар ин самт сараввал, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок кардан лозим аст.  Зеро, донистани ҳуқуқу озодиҳои худ ба ташаккули ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, аз ҷумла ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи насли наврас мусоидат мекунад. Сониян, дар ҷавонон тарбия намудани ҷаҳонбинии таҳаммулпазирӣ, муносибати таҳаммулпазирона нисбат ба ҳама одамон, сарфи назар аз миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ, молу мулкӣ ва дигар ҳолатҳо метавонад натиҷаҳои умедбахш диҳад.

Пӯшида нест, ки бисёре аз ҷавонон ба созмонҳои мухталифи радикалӣ асосан, аз сабаби надоштани имконияти мақсаднок сарф кардани вақти холии худ шомил мешаванд. Ҷиҳати фароҳам овардани имконоти самаранок гузаронидани вақт ва пур кардани фазои холӣ дар байни наврасону ҷавонон ҳукуматро зарур аст, ки на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки  дар маҳалҳои хурди аҳолинишин низ баҳри ҷоннок намудани фаъолияти  марказҳои дилхушӣ, қасрҳои маданият, кинотеатрҳо, осорхонаҳо, майдончаҳои варзишию забономӯзӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоию маданӣ мусоидат намояд. Инчунин, дар байни чавонон ҷиҳати ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, машғул шудан бо варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ корҳои тарғиботиро ҷоннок кардан зарур аст.

                                

 

              Сулаймонова Гулрухсор Рустамҷоновна

омӯзгори ДДҲБСТ  

                                                 

You might also like