Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ -худдорӣ аз бегонапарастӣ
Мушкилоти бегонапарастӣ дар ҷомеаи муосир яке аз муҳимтарин мушкилоти замони мост. Мардум набояд ба ин падида бетараф бошанд ва бар зидди паҳншавии урфу одатҳои бегона якҷоя мубориза баранд. Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги ғарбӣ дар ҷомеаи муосир қобили қабул нест. Вай таъкид кард: «Сиёсатмадорон, фарҳангшиносон ва зиёиёни мо бояд корҳои иттилоотиро ҷиҳати фаҳмонидани равандҳои муосир пурзӯр намоянд, бо хурофот ва тақлидҳои бегона дар назди халқу Ватан бошуурона ва масъулиятшиносона мубориза баранд». Бояд гуфт, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона хоси мардуми тоҷик нест ва дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои оянда зиён мерасонад.
Дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки бидуни ба назар гирифтани арзишҳои миллии худ дар либос ба фарҳанги бегона майл доранд. Чунин рафтор аз надонистани урфу одатҳои ниёгон ва бемасъулиятӣ бармеояд. Таҳлили таърих нишон медиҳад, ки либоси суннатии занони тоҷик ҳамеша таҷассумгари ҳуввияти миллӣ буда, нусхаи тарҳҳои дигари мазҳабӣ набудааст. Пӯшидани либоси бегона пас аз ҳаҷ ё умра низ барои фарқ кардан ва таблиғи ақидаи худ мушкил аст. Бегонапарастӣ дар либос, вақте ки мардум бо ном ва ҳиҷоб либоси дигаронро ба бар мекунанд, ба ҳуввияти фарҳангӣ ва истиқлоли зеҳнии миллат таҳдид мекунад.
Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳо тарбия намудани фарзандон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Тарбияи фарзанд на танҳо кори оилавӣ, балки масъулият дар назди ҷомеа, давлат ва миллат аст. Ояндаи давлату миллат аз тарбияи дурусти фарзандон вобаста аст. Падару модарон барои таълиму тарбия, ғамхорӣ ва фаъолнокии фарзандонашон масъуланд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо волидон бояд фаъолияти фарзандони худро бодиққат назорат кунанд.
Аҳамият надодан ба таълиму тарбияи кӯдак метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад ва ояндаи ӯро зери хатар гузорад. Масъулияти волидайн аз он иборат аст, ки фарзандонашонро зери назорати қатъӣ бигиранд ва нагузоранд, ки онхо ба равияҳои ифроти шомил шаванд.
Раҳимова Насиба
муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ