ТЕРРОРИЗМ ВАТАНУ МИЛЛАТ НАДОРАД

   Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеа аст ва ногузир ҳаёти сиёсии сайёра ба ватани мо ҳам таъсири худро мегузорад. Воқеаҳое, ки моҳҳои охир ба амал омаданд, мардумро ҳушдор сохт, ки бори дигар аз омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро андеша созанд.

Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон оид ба фаъолияти иддае аз ифротиён, ки берун аз марзи Ватан барои ноором сохтани сайёра ва бадном кардани миллати тоҷик камар бастаанд, бахубӣ огаҳӣ пайдо намуда, ба ин қабил фарзандони нохалаф изҳори нафрати хешро баён намуда истодаанд. Хушбахтона аҳли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, ҷавонону пирони барнодил, модарону падарони равшанфикр андешаву назари хешро ҳам аз нигоҳи масоили илмӣ ва ҳам аз нигоҳи масоили дидаву шунида ва хондаҳои хеш оид ба фаъолияти разилонаву хоинонаи аъзо ва пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ иншо намуда, дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ нашр намуда истодаанд. Инчунин, дар телевизиону радиоҳои маҳаллӣ ҷараён гирифтани андешаронии аҳли  кишвар оид  ба фаъолияти ҳизбҳои ифротӣ ва сурат гирифтани маҳкумкунии ҳамаҷонибаи кирдору рафтори ин гумроҳон самараҳои хуберо ба миён оварда истодааст.

Ҳамзамон, дар ин маврид баргузории суҳбатҳову мулоқот, мизҳои мудаввар ва конфронсу ҳамоишҳои гуногун дар ташкилоту муассисаҳо, бо ҷалби васеи ҷавонону аҳли кишвар дар самтҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ хело бамаврид ба роҳ монда шуда истодааст. Маҳз самараҳои ин чорабиниву тадбирҳои андешидашуда ва мавқеъгирии мардуми шарифи Тоҷикистон боиси ошкоргардии симои манфури хоинони миллат ва раванди сарпарастии хоҷагони хориҷии онҳо дар сар задани низоъҳои гуногун дар минтақаҳои даргир ва оғози ҳамагуна бесарусомониҳоба ҳисоб меравад. Мардуми заҳматкаши тоҷик ҳазорҳо бор ба чунин ҳизбҳо нафрати хешро баён сохтааст ва минбаъд ҳам чунин хоҳад кард.

Раҳматова Дилрабо Аҳмадҷоновна дотсенти

кафедраи забони тоҷикӣ

You might also like