Оромиро пос дорем!

Озодию истиқлол неъмати беназири ҳаёт, ки тақдир онро ба Ватани мо насиб гардонид. Аммо дере нагузашта ба ин муқаддасот нерӯҳои аҳриманӣ ҳамла оварда,  хоки ватанро ба майдони ҳарбу зарб табдил доданд, то ки онро тӯъмаи худ намоянд. Мардум бо роҳбарии сиёсатмадори оқилу фозили худ, дар натиҷаи сабру таҳаммул ва машаққатҳои тӯлонӣ панди ниёгон “бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро” – ро пеша карда, осудагиро пойдор кард. Сулҳи гаронбаҳои Тоҷикистон шоистаи таҳсини оламиён гардид. То имрӯз мардуми диёр осеби он фоҷиаи нангинро ба меҳнати сангинаш  бартараф карда,  Тоҷикистон қомати худро рост намуд.

Ифродгароӣ ҳоло муаммои ҷаҳонӣ буда, амали он зидди сулҳу офият мебошад.  Маҳз, бо дасисаҳои  ифродгароён дар давлатҳои Ироқ, Сурия, Миср, Афғонистон, Украина ҳодисаҳои мудҳиш ба вуқӯъ омаданд. Ин воқеаҳои даҳшатангез аҳли оламро ба ташвиш овардаанд.

Дини ислом дар тӯли беш аз 1400 сол асоси тамаддун, фарҳанг ва ҳаёти маънавии халқҳои Машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон буд ва боқӣ хоҳад монд. Дар солҳои истиқлолият барои рушду нумӯъ додани дини мубини ислом ҳукумат ва давлати Тоҷикистон эътибори махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, тарҷума ва нашри китоби “Қуръони Карим” ба забони тоҷикӣ,  бузургдошти Имоми Аъзам, таъсис додани садҳо масҷидҳои ҷомеъ, сол аз сол афзудани шумораи ҳоҷиён, интишори асарҳои динӣ ва ғайра иқдомҳои наҷиб дар ин ҷабҳа мебошанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии эътиқодро ба ҳар як шаҳрванд кафолат медиҳад ва барои иҷро кардани фарзу суннатҳои мусулмонӣ барои онҳо ягон садду монеа вуҷуд надорад. Пас мо чиро интизорем? Дарду алами “ҷанги бародаркуш”  то ҳол аз рагу устухони мо дур нарафтааст… Маҳз, аз дасти нопоки ифродгароён мардуми мо  азияти зиёд кашид.

Имрӯз сокинони Тоҷикистон бояд ҳушёр бошем ва қарзи мо аст, хоки меҳанро, ки мероси аҷдодон мебошад, ҳифз намоем, алайҳи ҳама гуна гуруҳҳои муноқишаҷуй муборизаи беамон бурда, оромиро пос дорем. Зеро, паёмбар Муҳаммад (с) фармудаанд: “Дӯст доштани Ватан аз иймон аст”.

Ифродгароӣ  чун “зардпечак” ба сабзиши ҷомеа халал мерасонад ва онро бояд решакан кард. Ба ашхосе, ки баҳри қути беарзиш ба Ватан хиёнат карда, ба душманони миллат ҳамтабақ гаштаанд, чунин андарзи ниёгонро хотиррасон менамоем:

Чун во намекунӣ гиреҳе, худ гиреҳ мабош,

               Абрӯкушода бош, чу дастат кушода нест.

                                                       

                                                                         Файзуллоева Мунира Шокирхоновна – н.и.т., дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ

 

You might also like