Пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буда, дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, мубориза бурда натиҷаҳои назаррасро ноил гаштааст. Асосгузори сулҳу Ваздати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти тероризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”. Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад. Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувори шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем. Дар ин замина дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Омилҳои ба ин равияҳо шомил шудани ҷавонон, алалхусус, ҷавонони тоҷик кам нест. Ин ҷо мо якчанд чунин омилҳоеро номбар мекунем, ки метавонанд зуд ба дили нафарони камдонишу ноогоҳ роҳ ёфта, ўро беобурў ва миллатро бадном созанд:
- Баланд будани сатҳи бекорӣ;
- Бемасъулиятии волидон дар тарбияи фарзандон;
- Муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа;
- Ҷаҳонбинии кам доштан;
- Истифодаи ғайрмақсадноки шабакаҳои интернетӣ.
Мутаассифона, ҳазорон нафар ҷавонон ба воситаи интернет ба доми ин бало-шабакаи терористӣ афтода маҳв гаштаанд ва боз мегарданд.
Аз ин лиҳоз, мо омўзгоронро зарур аст, ба ҷавонон, ба донишҷўён оиди мақсадҳои ғаразноки ин ҳизбу ҳаракатхои номатлуб маълумот дода, онҳоро аз ин руйдодҳо хушдор диҳем. Бояд огоҳ намоем, ки яке аз самтҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ин мазҳабҳо шиносоӣ бо зебосанамони шабакавӣ ва ҷалби духтарон ба сафи ДИИШ. Зебосанамони соҳибҷамол ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро ба доми «дурўғини ишқу муҳаббат» афтонида ба коми марг мекашанд. Духтарони танҳоро бошад бо ваъдаи хонадоршавӣ ва зиндагии шоҳона дар мамлакатҳои тараққикарда ба дом меафтонанд. Барои он, ки писарон ва занону духтарони тоҷик гирифтори ин вабои аср нагарданд, моро зарур аст ин роҳҳое, ки барои ҷалби ҷавонон истифода мебаранд, тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои радио ва телевизион, инчунин дигар воситаҳои лозимӣ онҳоро огоҳонем ва ин мушкилотро ҳар чи зудтар то андозае ҳал намоем. Зеро мегўянд: «Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ мебояд». Зиёда аз 30 сол муқаддам рўзҳое буданд, ки мардуми соҳибватани мо дар ватани худ, дар хонаҳои хеш ҳатто амну осуда намезистанд. Ҳама беқарор ва дар воҳима будем. Ташаккур мегўем ба сарвару роҳбару раҳнамои ин миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки замоне аз даҳҳо минбарҳои хурду бузург, аз сари чандин мизу гуфтушунидҳо бо чунин дилсўзиву қотеъият масъалаи зарурияти ҳифзи ягонаи Тоҷикистон ва аз парешонӣ нигаҳ доштани ин давлату ин миллати ба доми оташкашидашударо гузошту кишварро аз нестшавӣ, миллатро аз парокандашаваӣ наҷот дод.
Мо ифтихор мекунем, аз чунин Пешвову сарвари сулҳпарвар, ки хушбахтона Президенти имрўзаи мо гардид, вагарна имрўз Тоҷикистони офатзада воқеан чунин побарҷо намебуд. Бинобар ин, ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо бояд ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намуда, барои шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгароютерористӣ имрўзҳо ҳадафи ягонаи насли калонсоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Воқеан яке аз падида ва ҳаракатҳои номатлубу ифротие, ки дар заминаи эътиқодҳои диниву мазҳабӣ амал мекунад , экстремизм маҳсуб мегардад , ки он имрўз бо ҳар гуна роҳу воситаҳо пеш аз ҳама мусоидати аксар давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо интиқол ёфта, хатари ба миён омадани имконият ва заминаҳои дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти дилхоҳ кишварро дар пай дорад. Дар ҳамин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолае, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид бори дигар мардуми кишварро огоҳ ва таъкид сохт, ки ба тероризм бозӣ кардан нашояд.
Омилҳое, ки ҷавононро, ба хусус ҷавонону наврасони дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаро ба доми ҳиллаву найранги ҳаракатҳо ва гурўҳҳои ифротгароӣ гирифтор месозад зиёд ва бешуморанд, ки дар ин хусус рўзнома ва маҷалаҳои даврӣ пайваста менависанд ва дастурҳои муфид пешниҳод менамоянд.
Ҳар нафар шаҳрванди имрўзаи Тоҷикистон бояд ба худ суол диҳад, ки дар ин самт чи хизмате ба мардум кард ва бояд бикунад.
Мо худ дарк мекунем, ки таҳкими сулҳу субот мубориза ба ҷинояткори ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуни метавонанд Fояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори низоми вобастагии мустақил дорад. Бинобар зарур мешуморем, ки дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои тарбиявӣ ва созмонҳои ҷавонон хуб ба роҳ монда шавад. Чунки бештар сафи созмонҳои байналмилалиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар души ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан ояндасозӣ миллат-ҷавонон мебошанд. Бале, ҷавонон хуб дарк намоянд, ки оянда такдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдоди ва Ватани азизи мо масъулияти бузург дорад, ки ҳар яки моро зарур аст то ба хотири таҳкими ваҳдати милли пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, кушишу талош намоем.
Қаландарова Маҳбуба Дадоҷоновна – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурорӣ