Ранги саг аккосзадани наҳзатиён
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои дунё робитаи зичи дипломатӣ дорад ва дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи Шарқу Ғарб намояндагиҳои дипломатии худро боз намудааст, ки далел аз гуфтаҳои болост. Рӯз аз рӯз кишвари Тоҷикистон бо дастгириву ғамхории роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зинаҳои баландӣ сиёсӣ расида ба чандин муваффақиятҳо дар сиёсати хориҷӣ ноил гардидааст. Сафарҳои расмиву ғайрирасмӣ ва имзои созишномаву тавофуқномаҳо миёни давлатҳои хориҷӣ, мулоқоту гуфтушунидҳо бо сиёсатмадорону тоҷирони хориҷӣ ҷиҳати ҳарчӣ беҳтар намудани шароит ва сифати зиндагии мардум, равобити наздики дипломатӣ, ҷалби саромоягузорони хориҷӣ аз зумраи талошҳо барои рушди мамлакат мебошад.
Аммо як тӯда авбошону нотавонбинони наҳзатӣ ва паймоншиканон муваффақиятҳои сиёсати хориҷии давлати моро, ки бар нафъи миллату ҷомеа мебошад, нодида гирифта, барои ҳарчӣ зиёдтар паст намудани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунанд. Онҳо бо фармони хоҷагони хориҷияшон, ки аслан бар зидди миллат ва давлати Тоҷикистон равона карда шудааст, барнома омода намуда, ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахбори бардурӯғ ва иғвобарангезро пахш карда истодаанд.
Аҷибаш дар он аст, ки ин тоифаи бесавод ва авбошу ифротӣ аслан пешравиҳои кишварро дидан намехоҳанд ва агар барои пешрафти кишвар амале оғоз шуд, мавриди масхара қарор медиҳанд. Барои онҳо дар ҷомеаи мо ҳамавақт ҷангу низоъ бошад, на ин ки сулҳу бунёдкорӣ.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки Кабирӣ ҳангоми мулоқоти худ бо диломатҳои Аврупоӣ дар Вена баён доштааст, ки гӯё давлатҳои Аврупо Президенти Тоҷикистонро қабул надорад ва онҳо барои пешвози ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон тайёрии ҷиддӣ дида истодаанд. Ин ҳама аз хоинии наҳзатиён дарак медиҳад, ки дар ягон вақт онҳоро вакилони Аврупоӣ қабул намекунанд.
Лек нотавонбинону тирасарон, ки бо супориши хоҷагони хориҷияшон кор мекунанд аз робитаи хуби Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва минҷумла қораи Аврупо нороҳат шуда, рӯз аз рӯз хабарҳои дурӯғро пахш мекунанд, ки ба лағад задани уштур аккоси сагро монад.
Алимов Б. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ